Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як депутати украинӣ дар дохили таксӣ даргузашт


Антон Поляков
Антон Поляков

Як депутати украинӣ, ки дар гузашта барои аз мақом барканор кардани додситони кулли кишвар нақш дошт, ҳангоми ҳаракат дар як такси дар шаҳри Киев даргузашт. Полиси миллии Украина дар изҳороте рӯзи 8-уми октябр гуфт, ки барои мушаххас кардани сабабҳои марги Антон Поляков колбадшикофӣ барпо мешавад. Полис мегӯяд, Полякови 33-сола дар дохили такси худро бад ҳис кард ва вақте ронандаи таксиро полиси роҳ барои вайрон кадани қоида нигоҳ дошт, Поляковро дар курсии пушти мошин дар ҳолати беҳушӣ дарёфтанд. Мошини ёрии таъҷилӣ, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуд, марги Поляковро тасдиқ кард. Поляков узви ҳизби ҳокими “Хидматгори халқ” буд ва соли 2019 депутат шуд, вале моҳи ноябри ҳамон сол барои кадом як рафтори ғайриахлоқие аз ҳизб берун карда шуд.

Он замони худи ӯ ба Бахши украинии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки сабаби аслии берун кардани ӯ дар талошаш барои ҷамъоварии имзо бо ҳадафи аз мақом барканор кардани додситони кулл Руслан Рябошапка мебошад. Ӯ баъдан ба як гурӯҳи вакилони беҳизб пайваст.

XS
SM
MD
LG