Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи марди афғон як фармондеҳи "Толибон" будани ӯро нишон дод


Додгоҳи ИМА
Додгоҳи ИМА

Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, марди афғоне, ки барои одамрабоӣ дар соли 2008 ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, дар иттиҳомоти иловагӣ, аз ҷумла, куштори се сарбози амрикоӣ дар ҳамон сол гумонбар дониста шуд. Ҳоҷӣ Наҷибуллоро соли гузашта ба ИМА интиқол доданд ва дар паи таҳқиқи қазияи ӯ рӯзи 7-уми октябр ӯро дар иттиҳомоти нави куштори сарбозони амрикоӣ гумонбар эълон карданд. Дар изҳороти вазорати адлия омадааст, бар асоси парвандаи бозбинишудаи Наҷибулло, ҳамакнун нақши ӯ ба ҳайси як фармондеҳи “Толибон” арзёбӣ мешавад. Наҷибуллои 45-сола дар чандин иттиҳоми марбут ба терроризм гумонбар мешавад.

Дар парванда омадааст, ки ин шахс се сарбози амрикоӣ ва як тарҷумони афғони онҳоро бо дастгоҳҳои тарканда, аз ҷумла, норинҷак ва аслиҳа ба қатл расонидааст. Дар як ҳодисаи соли 2018 Наҷибулло ваё афроди зери назари ӯ чархболеро дар моҳи октябри соли 2008 суқут додаанд. Агар Наҷибулло гунаҳгор эътироф шавад, ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG