Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи адабии Нобел насиби нависанда Абдурозиқ Гурно гашт


Абдулрозиқ Гурно
Абдулрозиқ Гурно

Дар эъломияи Кумитаи ҷоизаҳои Нобел гуфта мешавад, нависанда ва донишманд Абдурозиқ Гурно "барои вуруди оштинопазирона ва ҳамдардона ба пайомадҳои мустамликадорӣ ва сарнавишти гурезаҳои дармонда дар байни фарҳангҳо ва қораҳо" сазовори ин ҷоиза гаштааст.

Абдурозиқ Гурно муаллифи осоре бе монанди "Биҳишт" (1994), "Соҳили баҳр" (2001) мебошад, ки ба ҷоизаи машҳури Букер пешниҳод шуда буданд. Таҷрибаи нависандагии ӯ сӣ соли охир идома ёфта, асари аввалинаш "Хотираи рафтан" дар соли 1987 нашр шудааст.

Абдурозиқ Гурно соли 1948 дар Занзибари Танзаниё ба дунё омада, соли 1968 барои таҳсил ва ҳамчунин фирор аз хушунати зидди арабҳои Занзибар ба Бритониё кӯчид. Соли 1982 унвони доктори илмро дар Донишгоҳи Кент гирифт.

XS
SM
MD
LG