Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ қарори ҳабси рӯзноманигор Ғаниевро бе тағйир гузошт


Блогнависи узбек Бобур Ғаниев
Блогнависи узбек Бобур Ғаниев

Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 6-уми октябр қарори додгоҳи ноҳияи Учтеппаро нисбати блогнавис Бобур Ғаниев бетағйир гузошт.

Рӯзи 1-уми октябр додгоҳи ноҳияи Учтеппа рӯзноманигорони сомонаи Taftish.uz Бобур Ғаниев ва Аброр Кузибоев ва ошнои онҳо Обид Салимовро 15-рӯзӣ ҳабс кард.

Додгоҳ рӯзноманигоронро ба таҳқири кормандони умури дохилӣ, итоат накардан ва муқобилият нишон додан ба онҳо гунаҳкор дониста, бар иловаи 15 шабонарӯз ҳабс, Ғаниевро 5400000 сӯм (беш аз $500) ва Козубоевро 270 000 сӯм ($25) ҷарима кардааст.

Ҳукми рӯзноманигорон 1-уми октябри имсол аз сӯи додгоҳи ноҳияи Учтеппаи Узбекистон содир шуда, яке аз дӯстони онҳо Обид Салимов ҳам ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс гаштааст.

Ба иттилои додгоҳ, рӯзноманигорони узбек 30-юми сентябр дар ҷараёни "рейди махсус"-е дар кӯчаи "Фарҳод"-и Учтеппаи шаҳри Тошканд ба амри кормандони умури дохилии Узбекистон итоат накардаанд.

Он рӯз кормандони пулис мошини Кузибоевро нигоҳ доштаанд, ки дар дохили он Ғаниев ва Салимов низ буданд. "Ғаниев ва Салимов бо телефонҳои худ корманди пулисро ба навор гирифта, Кузибоев ба ӯ суханҳои таҳқиркунанда гуфтааст", - афзудааст манбаъ. Дар натиҷа кормандони пулис ҳар серо боздошт карда, ба шуъбаи пулиси Учтеппа бурдаанд.

XS
SM
MD
LG