Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 136 кас барои шарҳи фавти корманди амният дар Беларус


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Белорус 136 нафареро, ки дар робита ба фавти Андрей Зелтсер ва корманди Кумитаи амнияти миллии он кишвар дар Интернет шарҳ навиштаанд, боздошт кард.

Бино ба иттилои канали "Кумитаи тафтишотии Беларус" дар Телеграм, ин 136 кас ба таҳқири хидматчии давлатӣ ва ангехтани бадбинии миллӣ айбдор мешаванд. Ҳамаи онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

Расонаҳо 30-юми сентябр низ аз боздошти наздик ба 50 нафар бо ин айб хабар дода буданд. Боздоштҳо дар робита ба шарҳҳои видеои тирпаронӣ дар Интернет сурат гирифтанд. Дар ин тирпаронӣ корманди 31-солаи ширкати IT Андрей Зелтсер ва афсари амнияти Беларус ҷон бохтанд.

Видео 28-уми сентябр дар Интернет нашр шуд. Мақомоти Беларус гуфтанд, Зелтсер ба самти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дари хонаи ӯро дар шаҳри Минск бо гумони ҳузури шахсони марбут ба терроризм дар дохили он шикаста, даромаданд, оташ кушодааст.

Як қатор корбарон ба фарзияи мақомот шубҳа карда, гуфтанд, навор дасткорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG