Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Балучистони Покистон ҷони беш аз 20 нафарро гирифт


Бар асари зилзила дар Покистон ба камияш 20 нафар ҷон бохта, ҳудуди 300 кас захмӣ шудаанд. Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, зилзилаи 5,7-дараҷаӣ нимашаби гузашта дар вилояти Балучистон ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон рух додааст.

Рӯзномаи англисизабони "Dawn" чопи Исломобод аз қавли мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ навишт, ки хисороти дақиқи ин заминларза ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи мақомот, эҳтимоли афзоиши талафот вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Франс-пресс" навишт, бисёре аз қурбониён бинобар фуру рехтани сақф ва девори хонаҳо ҷон бохтаанд. Як мақоми маҳаллӣ гуфтааст, ки дар миёни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бинобар баста шудани роҳҳо, кӯмакрасонӣ ба минтақаҳои зилзилазада ба мушкил рубарӯ шудааст.

Маркази ин зилзила дар Ҳарнай дар 100 километрии шарқи шаҳри Куветта--маркази Балучистон будааст. Дар навору аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки мардум пас аз зилзила ба кӯчаҳо баромадаанд.

Мақомҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои кӯмакрасон ба минтақа фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG