Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобел барои рушди дорусозӣ ва сабзтар шудани илми кимиё дода шуд


Ҷоизаи имсолаи Нобели дар бахши кимиё ё химия имсол ба донишмандони олмониву амрикоӣ - Бенҷмин Лист ва Девид МакМиллан “барои рушди органокатализи ноҳамвор” тақдим мешавад. Дар изҳороти рӯзи 6-уми октябри Академияи улуми Шведсия – ниҳоди масъули супурдани ҷоизаи Нобел гуфта мешавад, ки ин ду донишманд барои эҷоди “василаи комилан нави сохтори молекулярӣ – органокатализ” қадрдонӣ мешаванд. Ин кашфиёти донишмандон барои “рушди таҳқиқот дар бахши дорусозӣ ва сабзтар шудани илми кимиё” мусоидат мекунад.

Йоран Ҳансон, дабири кулли Академияи илмҳои Шведсия рӯзи 6-уми октябр гуфт:

“Ҷоизаи имсолаи Нобел барои эҷоди василаи нодири сохтмони молекулаҳо тақдим мешавад. Имрӯз Академияи улуми шоҳигарии Шведсия қарор кард, ки ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё барои эҷоди органокатализи ноҳамвор муштаракан ба Бенҷмин Лист ва Девид МакМиллан тақдим шавад”.

Лист раҳбари Пажӯҳишгоҳи Max-Planck-Institut fur Kohlenforschung дар Олмон буда, МакМиллан профессори донишгоҳи Принстони Ню Ҷерси мебошад.

Ба онҳо нишони тиллои ҷоизаи Нобел ва ба ҳардуяшон 1 миллион доллар ҷоизаи пулӣ тақдим мешавад.

Соли 2020 донишманди фаронсавӣ Эммануэл Шарпентйе ва муҳаққиқи амрикоӣ Ҷеннифер Дудна барандаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё барои корашон дар самти таҳрири геном шуданд.

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё аз сли 1901 то имрӯз 113 дафъа тақдим шудааст. Дар вебсайти расмии ин ҷоиза омадааст, донишманд Фредерик Сангер танҳо нафаре буд, ки ҷоизаи Нобел дар бахши кимиёро ду бор дар умраш - соли 1958 ва 1980 бурдааст.

Ҷоизаи Нобел аз ҷониби соҳибкору як саноатчии швед Алфред Нобел таъсис шуда, барои кашфиёти нодиру муҳим дар илмҳои мухталиф тақдим мешавад. Ҷоизаҳо 10-уми декабри ҳар сол тақдим мешавад. Арзиши пулии ҳар ҷоиза тахминан як миллион доллар мебошад.

XS
SM
MD
LG