Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманобод даҳҳо касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт карданд


Дар вилояти Туркманободи Туркманистон наздики 25 касро бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт кардаанд.

Ин афрод дар пайи боздошти як марди сартарош дар поёни моҳи август яке паси дигар боздошт шудаанд.

Миёни боздоштшудаҳо кормандони пулис, мақомоти оташнишонӣ ва сартарошҳо низ ҳастанд.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар соли 2020 як ровии машҳур бо гумони ҳамҷинсгароӣ боздошт шуда буд.

Қонунгузории Туркманистон ҳамҷисгароиро ҷиноят медонад.

XS
SM
MD
LG