Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Тайвану Чин. Ҷо Байден бо Си Ҷинпин гуфтугӯ кард


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рузи сешанбеи 5-уми октябр изҳор дошт, ки бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар бораи Тайван гуфтугӯ кардааст. Президенти Амрико гуфт, "ман бо Си Ҷинпин дар мавриди Тайван суҳбат кардам. Мо мувофиқат кардем, ки ба "Созиши Тайван" пойбанд бошем". Ҷо Байден дар идома гуфтааст, ки дар ин суҳбат ба таври ошкор эълон карданд, ки набояд коре ғайр аз пойбандӣ ба ин созишнома анҷом дода шавад.

Ба назар мерасад ишораи Ҷо Байден ба сиёсатҳои гузаштаи ҳукумати Амрико аст, ки бар асоси он, Вашингтон Чин, на Тайванро ба расмият мешиносад. Қонуни "Робитаҳо бо Тайван" низ таъкид дорад, ки Амрико танҳо бо Чин робитаҳои дипломатӣ дорад ва интизор дорад, ки масъалаи Тайван аз тариқи сулҳомез ҳаллу фасл шавад.

Ҳизби коммунист бо раҳбарии Мао Тсэдун дар соли 1949 Ҳизби миллии мардум -- муттаҳиди собиқаш дар ҷанг алйҳи Ҷопон дар Ҷанги ҷаҳонии Дувум ва рақиби сарсахташро шикаст дод ва қудратро дар Чин ба даст овард. Нерӯҳои Ҳизби миллии мардум маҷбур шуданд ба ҷазираи Тайван ақибнишинӣ кунанд. Онҳо дар ниҳоят давлати Тайванро ташкил доданд.

Чин Тайванро бахше аз хоки худ медонад, ки дар сурати зарурӣ бояд бо зур тасарруф шавад. Тайван мегӯяд, ки кишвари мустақил аст ва аз озодиҳо ва демократияи худ дифоъ мекунад ва Чинро масъули танишҳо медонад.

Дар ҳамин ҳол, Тайван ҳам рузи сешанбе эълон кард, тайи чаҳор рузи гузашта 148 ҳавопаймои ҷангии Чин дар осмони яке аз минтақаҳои ин кишвар парвоз кардаанд. Чин ҷумъаи гузашта Рӯзи миллии худро таҷлил кард.

Амрико рӯзи якшанбе аз Чин хост то фаъолиятҳои низомии худро дар наздикии Тайван қатъ кунад. Нед Прайз, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико рузи якшанбе дар баёнияе гуфт, "ИМА бисёр нигарони фаъолиятҳои таҳрикомези Ҷумҳурии мардумии Чин дар наздикии Тайван аст. Чунин иқдомоте боиси бесуботӣ мешавад".

Давлати Тайван ҳам рузи шанбе дар эътироз ба ин амалкарди Пекин, ҳукумати Чинро муттаҳам кард, ки "сулҳ ва оромиши минтақаро барҳам мезанад".

Ҳафтаи гузашта низ пас аз он, ки эълом шуд Тайван ба як паймони тиҷоратӣ пайвастааст, 24 ҳавопаймоии ҷангии Чин вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуданд.

Вазири дифои Тайван низ рузи чаҳоршанбе ҳушдор дод, ки таниш бо Чин дар минтақа ба болотарин ҳади худ дар 40 соли гузашта расид. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, Чин хоҳад тавонист, ки дар соли 2025 ба таври комил Тайванро ишғол кунад.

XS
SM
MD
LG