Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мард ба ҳамсар ва духтаронаш боиси кушта шудани тифли 11-сола шуд


Бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд.
Бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд.

Як сокини 39-cолаи шаҳри Хуҷанд бо корд ба зану фарзандонаш ҳамла кардааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса охири ҳафтаи гузашта ва замоне рух додааст, ки аъзои оилаи ин мард хоб будаанд. Ба қавли манбаъ, гумонбар дар хонаи истиқоматиаш бо корд якчанд бор ба қафаси сина ва дигар узвҳои бадани ҳамсари 32-сола ва духтарони 8 ва 11-солааш зарба задааст.

Сипас мард бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастони худ низ осеб мерасонад.

Аз захмҳои бардошта духтари 11-солаи ин мард, ки ному машғулияташ нашр намешавад, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мард бо ҳамсару духтари дигари ноболиғаш ба беморхона интиқол дода шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ сабаби сар задани ин ҷинояти мудҳишро шарҳ надодааст. Вале ба навиштаи сомонаи pressa.tj ин ҳамла дар пайи муноқишаи оилавӣ сурат гирифтааст. Дар робита ба ҳодисаи мазкур додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG