Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Толибон» иддао кард, ки як маркази ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз байн бурд


Нерӯҳои "Толибон" дар Кобул, 30-юми октябри 2021
Нерӯҳои "Толибон" дар Кобул, 30-юми октябри 2021

Гуруҳи «Толибон» иддао дорад, ки пас аз таркиш дар масҷиди «Идгоҳ»-и Кобул як маркази гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ-ро дар Афғонистон пурра аз байн бурд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи «Толибон», дар Твиттер навишт, аъзои марказ дар амалиёти шаби севуми октябр кушта шуданд.

Таркиш дар масҷиди «Идгоҳ»-и Кобул рӯзи 3-юми октябр ва дар ҳоле рӯй дод, ки намози ҷанозаи модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи «Толибон»-ро мехонданд.

Ҳеч кас масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар он ҳодиса аз 2 то 12 кас кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди ин, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 3-юми октябр гуфт, таҳқиқоти аввал нишон медиҳад, ки эҳтимол дар ин ҳодиса ҷангҷӯёни гуруҳи «Давлати исломӣ» даст доранд.

Шохаи «Хуросон»-и гуруҳи «Давлати исломӣ» душмани «Толибон» аст. Пас аз он ки «Толибон» дар моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ афзудааст.

XS
SM
MD
LG