Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамин ҳоло. Роҳи Кӯлоб-Душанбе барои сафари Раҳмон баста шудааст. АКС


Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021
Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021

Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз соати ҳафти субҳи 4-уми октябр комилан баста шуд ва ба мусофирон иҷозаи сафар ба пойтахт дода намешавад.

Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 4-уми октябр ба ноҳияи Восеъ сафар кунад. Мақомот мегӯянд, ба хотири таъмини амнияти президент роҳ баста шудааст. Садҳо мусофир дар даромадгоҳи ноҳияи Восеъ интизори боз шудани роҳанд. Ин роҳи асосии сафар ба қисме аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, маркази вилояти Хатлон ва пойтахт аст.

Зоҳир Нодиров, яке аз мусофирон гуфт, ҳамсараш дар беморхонаи Қарияи Болои Душанбе бояд ҷарроҳӣ шавад ва агар то нисфирӯзӣ ба пойтахт нарасанд, "сахт дер мекунанд".

"Мо ба амнияти президент чӣ халал мерасонем, роҳро боз кунанд, равем. Ман шаб барои пули ҷарроҳии занам Кӯлоб ба омада будам, агар дер кунам, худатон медонед, ки чӣ мешавад. Меъдаи занам бояд ҷарроҳӣ шавад," - гуфт ӯ.
Баҳси ӯ бо нозирони БДА барои гузаштан аз роҳ ва шарҳи муҳимияти сафараш натиҷа надод.

Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021
Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021

Кормандони БДА бо ишора ба Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки иҷозаи убур аз роҳро наёфта буд, гуфтанд, "супориш шудааст, ки касе бояд аз ин роҳ нагузарад."

Нозирони БДА, ки монеи ҳаракат ба самти Душанбе ва маркази вилоят буданд, гуфтанд, соати дақиқи боз шудани роҳро намедонанд.

“Барои мо гуфтанд, ки роҳро пурра бандед, вале нагуфтанд, то кай. Аз боло кадом вақте занг заданд, баъдан роҳро боз мекунем.”—гуфт як нозири роҳ, ки аз гуфтани ному насабаш ба мо худдорӣ кард.

Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021
Роҳи асосии Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, 4-уми октябри 2021

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, соле ду бор ба ҳар шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар мекунад. Мақомот ҳадафи сафари ӯро бозкушоии корхонаву муассисаҳои нав ва ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум меноманд.

Мунтақидон мегӯянд, дар ин сафар ба ҷуз харҷи беҳуда, ташвиши сокинон ва васфи аз пеш омодашудаи Раҳмон аз ҷониби сокинон дигар чизи муҳимеро намебинанд.

Сиёвуш, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, 20 сол боз тақрибан соле нест, ки президент ба ноҳияи онҳо сафар накарда бошад. "Агар он ҳама ободиҳое, ки дар телевизион мегӯянд, мешуд, ноҳияи мо Париж мебуд. Зиндагии мардум тағйири зиёде накардааст," -- гуфт ӯ.

Онҳое ҳам кам нестанд, ки мегӯянд, дар 20 соли охир Восеъ аз як ноҳияи хароб ба ободтарин марказ дар минтақа табдил ёфтааст.

Дар сафарҳояш Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави маъмурӣ ва корхонаҳои хурди соҳибкоронро мекушояд. Ҳатто корхонаҳои хурди қаннодӣ, дӯзандагӣ низ бо иштироки ӯ боз мешаванд. Ҳолатҳое низ буд, ки нишон медод, ин корхонаҳо дар асл фаъол нестанд.

XS
SM
MD
LG