Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти С.Муҳриддин бо раҳбарони СММ


1-уми октябр, Ню-Йорк. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш
1-уми октябр, Ню-Йорк. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, раҳбари сиёсати хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раҳбарияти СММ дидору гуфтугӯ кардааст. Ин мулоқот дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи кулли СММ доир шудааст. Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1-уми октябр доираи васеи масоили мавриди ҳамкорӣ, аз ҷумла, "муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим" ва масъалаҳои дигарро баррасӣ кардаанд. Яке аз мавзӯъҳо вазъи Афғонистони ҳамсоя ва ироаи кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии ин кишвар будааст. Ҷузъиёти бештари дидору гуфтугӯҳо нашр намешавад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва бо сари кор омадани "Толибон" дар миёнаҳои моҳи август ҳазорҳо сокини ин кишвар дар хоки Тоҷикистон паноҳ ёфтанд. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кӯмак ба ин паноҳандаҳо кардааст.

Дар изҳороти вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадааст: "Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад".

Дар мулоқоти дигар бо муовини Дабири кулли СММ, раҳбари Дафтари зиддитеррористии ин созмон Владимир Воронков ҳам мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва вазъи минтақаву Афғонистон марказӣ будааст. Дар хабари мухтасари ВКХ Тоҷикистон омадааст, ки "ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба тавофуқ расиданд". Ҷузъиёти ин тавофуқҳо гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG