Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви собиқи маъмурияти президенти Украина дар хиёнат гумонбар мешавад


Маълум нест, ки мақомдори гумонбар дар дафтари президенти амалкунанда ё пешин кор мекард
Маълум нест, ки мақомдори гумонбар дар дафтари президенти амалкунанда ё пешин кор мекард

Як собиқ мақомдори дафтари президенти Украина дар хиёнат гумонбар мешавад. Хадамоти амнияти Украина рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки ин шахс ба давлати хориҷӣ иттилои дорои маълумоти махфиро фароҳам кардааст. Ӯро дар ҳамкорӣ бо хадамоти махфии кишвари хориҷӣ гумонбар медонанд. Исми мақомдори собиқ нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ дар гузашта дар маъмурияти президенти Украина кор мекард. Дар изҳороти мақомоти иктишофии украинӣ омадааст, ки далели ҳамкориву иттилоърасонии ӯ ба хадамоти вижаи кишвари хориҷӣ вуҷуд дорад. Ба мақомдори собиқ аз рӯи моддаи “хиёнат” то 15 соли ҳабс таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG