Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари бозори Черкизов Телман Исмоилов боздошт шуд


Телман Исмоилов. Акс аз бойгонӣ
Телман Исмоилов. Акс аз бойгонӣ

Дар пойтахти Черногория шаҳри Подгоритсе собиқ раиси бозори Черкизови шаҳри Маскав Телман Исмоилов боздошт шуд. Дар ин бора вебсайти Vijesti хабар медиҳад.

Ба иттилои Danas, Исмаилов бар асоси талаботи мақомоти Русия боздошт шудааст. Соли 2016 соҳибкорро ғоибона дар куштори соҳибкорон Владимир Савкин ва Юрий Брилёв ва ҳам нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд. Соли 2018 ӯро ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ доданд. Бародари ӯ Рафиқ Исмоилов барои куштори ин ду соҳибкор ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст.

Интерфакс гуфт, дар сафорати Русия дар Черногория ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар бораи боздошти Исмоилов ҳеҷ хабаре надоранд.

Телман Исмоилов муассиси гурӯҳи АСТ буда, муддати дароз моликдори бозори Черкизов дар Маскав буд. Бозор соли 2009 баста шуд. Дар матбуот хабарҳои зиёде дар бораи иртиботи ӯву собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков нашр шудааст. Соли 2015 ин соҳибкорро банкрот ё варшикаста эълон карданд.

XS
SM
MD
LG