Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ягона довари тоҷик дар Олимпиада сабаби нокомии варзишгаронро шарҳ дод.ВИДЕО


Мансур Муҳиддинов аввалин довари тоҷик дар Олимпиада аст
Мансур Муҳиддинов аввалин довари тоҷик дар Олимпиада аст

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 сабқати боксро ҳакамӣ кард, меҳмони Радиои Озодӣ буд. Дар ин суҳбат Муҳиддинов шарҳ дод, ки чаро варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс аз Олимпиадаи Токио бе медал баргаштанд ва барои рушди ин намуд варзиш дар Тоҷикистон чӣ бояд кард.

Дар замони истиқлолият Мансур Муҳиддинов аввалин нафар аз Тоҷикистон аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳайси довар фаъолият намуд. Ӯ аз ҷониби гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо оид ба бокс даъват шуда буд.

Мансур Муҳиддиновро дар баробари 36 нафар ба рӯйхати ҳакамони бокси Олимпиадаи Токио-2020 дохил карданд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз аз Мансур Муҳиддинов, инчунин намояндагони Русия, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои доварии мусобиқоти бокс ба Токио даъват шуда буданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мусоҳиба бо ягона довари тоҷик дар Олимпиада
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:29 0:00

Мансур Муҳиддинов, мураббӣ ва довари 44-солаи бокс, барои бори аввал дар таърихи Тоҷикистон пас аз ҳашт соли талошҳояш дар бокси ҷаҳонӣ ситораи сеюми довари дараҷаи байналмилалиро ба даст овардааст. Ба ин унвони баланд ӯро Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ ё AIBA мушарраф гардонд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин унвони баланд ба вай имкон додааст, ки дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ, аз он ҷумла қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ, ба ҳайси довар аз Тоҷикистон ширкат варзад.

«Ман унвони довари дараҷаи байналмилалӣ ва ситораи аввали Созмони байналмилалии бокси ҳаваскориро соли 2010 ва ситораи дуюми ин созмонро соли 2017 дар Қазоқистон ба даст овардам. Давраҳои бозомӯзии ситораи сеюм дар шоҳигарии Тайланд, пойтахти он - шаҳри Бангкок - моҳи июли соли 2018 баргузор шуд ва дар он ҷо аз 20 кишвар доварони дараҷаи байналмилалии дорандаи ду ситораи AIBA интихоб шуда буданд. Ҳамагӣ 26 нафар будем. Ман аз имтиҳон сарбаландона гузаштам ва ситораи сеюмро ба даст овардам", - афзуд ӯ.

Мансур Муҳиддинов варзишгари ҳирфаӣ аст. Собиқаи муштзаниаш аз солҳои 90-и қарни гузашта шуруъ мешавад. Чандин дафъа қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи бокс шудааст, инчунин медали биринҷии Бозиҳои Осиёи Ғарбиро низ ба даст овардааст.

«Соли 1997 дар Узбекистон дар Ҷоми президенти ин кишвар ҷои дуюмро сазовор гаштам. Боз дар Русия соли 2000-ум дар Ҷоми Мономах, мусобиқаи дараҷаи баландтарини AIBA, сазовори ҷои сеюм шудам», - гуфт ӯ.

Лаҳзае аз суҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Мансур Муҳиддинов
Лаҳзае аз суҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Мансур Муҳиддинов

Мансур Муҳиддинов ба сифати мураббии ҳирфаии бокс аз вазъи феълии ин намуди олимпӣ дар Тоҷикистон чандон қаноатманд нест.

"Бокси имрӯза дар Тоҷикистон ба сармоягузории ҷиддӣ ва ба мураббиҳои ҳирфаӣ ниёз дорад. Яке аз сабабҳои нокомии варзишгарони мо дар Олимпиадаи Токио ин аст, ки онҳо натавонистанд ба Бозиҳо хуб омода шаванд. Зеро ки дар машқҳои дастаҷамъӣ ширкат надоштанд, инчунин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле кам иштирок карданд. Фикр мекунам дастгирӣ зиёдтар шавад, натиҷаҳо баландтар мешаванд", - иброз дошт Мансур Муҳиддинов.

Ихтисоси аввали Мансур таърихшинос аст. Баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, касби аслиаш муштзанӣ ва акнун мураббигиву доварӣ дар бокс аст. Вай хушҳол аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ба сифати нахустин ҳакам аз Тоҷикистон даъват шуд ва ҳамин тавр ҳунари довариашро муаррифӣ кард.

Лаҳзае аз қувваозмоии паҳлавони тоҷик, Комроншоҳи Устопириён
Лаҳзае аз қувваозмоии паҳлавони тоҷик, Комроншоҳи Устопириён

Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор шуд, ноком шуданд. Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) дар Токио бе медал монданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG