Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Токио ба поён расид. Амрико ғолиб шуд, Тоҷикистон бе медал монд. ВИДЕО


Лаҳзае аз қувваозмоии паҳлавони тоҷик, Комроншоҳи Устопириён
Лаҳзае аз қувваозмоии паҳлавони тоҷик, Комроншоҳи Устопириён

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон рӯзи 8-уми август ба анҷом расид. Дар ин мусобиқот, ки 23-юми июл шуруъ шуда буд, беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 204 кишвар ва инчунин дастаи паноҳандагон ширкат карда, дар 33 риштаи варзиш барои 339 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот дар ин Олимпиада варзишгарони 93 кишвар медал ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 65 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Рақобати муштзани амрикоӣ (рост) бо намояндаи Қазоқистон (чап)
Рақобати муштзани амрикоӣ (рост) бо намояндаи Қазоқистон (чап)

Дар Олимпиадаи Токио-2020 аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақоми аввалро аз они худ кард. Варзишгарони Амрико 113 медал, аз он ҷумла 39 нишони тилло, 41 нуқра ва 33 биринҷӣ, гирифтанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 88 медал, аз ҷумла 38 нишони тилло, 32 нуқра ва 18 биринҷӣ, соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо касби 58 медал, ки 27-тоаш тилло, 14-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи аввал инчунин Бритониё (22-21-22), Русия (20-28-23), Австралия (17-7-22), Нидерланд (10-12-14), Фаронса (10-12-11), Олмон (10-11-16) ва Италия (10-10-20) дохил шуданд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Узбекистон (3-0-2), Гурҷистон (2-5-1), Украина (1-6-12), Беларус (1-3-3), Эстония (1-0-1), Латвия (1-0-1), Озарбойҷон (0-3-4), Арманистон (0-2-2), Қирғизистон (0-2-1), Литва (0-1-0), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-8) ва Молдова (0-0-1) бо медалҳои Олимпиадаи Токио сазовор шуданд. Вале варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон натавонист медал бигирад.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио

Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд. Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) дар Токио бе медал монданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

17 медали кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Токио-2020

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 17 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар Олимпиадаи Токио бо шумули 71 варзишгар ширкат дошт, дар байни кишварҳои минтақа натиҷаҳои беҳтарин нишон дод. Варзишгарони узбек 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мунтахаби Узбекистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 36 медал (10 тилло, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ) гирифтааст.

Варзишгарони узбекистонӣ дар Токио
Варзишгарони узбекистонӣ дар Токио

Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Қазоқистон 95 варзишгар шомил буд. Варзишгарони қазоқ соҳиби 8 медали биринҷӣ гардиданд. Мунтахаби Қазоқистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 72 медал (15 тилло, 21 нуқра ва 36 биринҷӣ) гирифтааст.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио 16 варзишгар шомил буд. Варзишгарони қирғиз 3 медал (2 нуқра ва як биринҷӣ) гирифтанд. Мунтахаби Қирғизистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтааст.

Туркманистонро дар Олимпиадаи Токио 9 варзишгар намояндагӣ кард. Аз байни онҳо Полина Гурйева дар мусобиқаи вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 59 кило медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Туркманистон дар таърихи ин кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Аз истеъфо то... 9 пешниҳоди мутахассисон

Суҳбати мизи гирди Радиои Озодӣ, ки 5-уми август доир гардид, ба натиҷаҳои ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио бахшида шуд.

Ба студия мутахассисони варзидаи соҳа – Алимаҳмад Мирзоев, Наргис Набиева ва Маҳмуд Абдуллоев, ки дар гузашта дар кумитаҳои варзиш ва олимпии кишвар дар вазифаҳои масъул ифои вазифа кардаанд, даъват шуда буданд.

Бо назардошти нокомиҳои тими олимпии Тоҷикистон, мутахассисони ширкатдори Мизи гирди Радиои Озодӣ барои омодагии беҳтар ба бозиҳои баъдии олимпӣ ва ислоҳи вазъ пешниҳодҳои мушаххасе карданд, ки аз ин қарор аст:

  • Барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 шахсони масъул – раҳбарони Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, федератсияҳои дахлдори миллии варзишӣ ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ – аз вазифаашон истеъфо диҳанд;
  • Сохтори Кумитаи ҷавонон ва варзиш тағйир дода шавад, яъне кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд;
  • Ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин карда шаванд;
  • Барномаи вижаи ҳукуматӣ дар мавриди омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 таҳия ва роҳандозӣ шавад;
  • Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад;
  • Дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад;
  • Варзишгарони касбӣ – узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо маоши барои худ ва оилаашон басанда, шароити созгори тамрин, ғизои хуб таъмин карда, бо машқҳои дастҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад;
  • Барои рушди намудҳои афзалиятноки олимпӣ дар кишвар, ба мисли бокс, ҷудо (дзюдо), гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ), таэквондо WTF ва каратэ мутахассисони варзидаи сатҳашон ҷаҳонӣ даъват карда, онҳоро сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон таъйин намоянд;
  • Ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумат чун солҳои пеш сарвазири кишвар раҳбарӣ намояд, на муовинаш. Зимнан, дар кишварҳои Шӯравии собиқ ба чунин ташкилот президентҳо сарварӣ мекунанд.

Навори пурраи барномаро дар инҷо бинед:

Олимпиадаи ноком. Роҳҳои ислоҳи вазъ кадоманд? Мизи гирди Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:33 0:00
XS
SM
MD
LG