Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи ноком. Роҳҳои ислоҳи вазъ кадоманд? Мизи гирди Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Акси шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ва варзишгарони тоҷики ширкатдори бозиҳои Олимпии Токио.
Акси шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф ва варзишгарони тоҷики ширкатдори бозиҳои Олимпии Токио.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки дар Токиои Ҷопон ҷараён доранд, то рӯзи 8-уми август идома хоҳанд кард. Аммо варзишгарони тоҷик, ки сабқати худро дар Олимпиадаи Токио ба анҷом расониданд, ба ватан бе медал баргаштанд. Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин навбат танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ), Илдар Аҳмадиев (оид ба варзиши сабук) - натавонистанд дар Олимпиадаи Токио медал ба даст биёранд.

Суҳбати мизи гирди Радиои Озодӣ, ки 5-уми август доир гардид, ба натиҷаҳои ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио бахшида шуд. Ба студия мутахассисони варзидаи соҳа – Алимаҳмад Мирзоев, Наргис Набиева ва Маҳмуд Абдуллоев, ки дар гузашта дар кумитаҳои варзиш ва олимпии кишвар дар вазифаҳои масъул ифои вазифа кардаанд, даъват шуданд.

Бо назардошти нокомиҳои тими олимпии Тоҷикистон, мутахассисони варзиши ширкатдори Мизи гирди Радиои Озодӣ барои омодагии беҳтар ба бозиҳои баъдии олимпӣ ва ислоҳи вазъ пешниҳодҳои мушаххасе карданд, ки аз ин қарор аст:

1. Барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 шахсони масъул – раҳбарони Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар, федератсияҳои дахлдори миллии варзишӣ ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ – аз вазифаашон истеъфо диҳанд.

2. Сохтори кумитаи ҷавонон ва варзиш тағйир дода шавад, яъне кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд.

3. Ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин карда шаванд.

4. Барномаи вижаи ҳукуматӣ оид ба омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 таҳия ва роҳандозӣ шавад.

5. Маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад.

6. Дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад.

7. Варзишгарони касбӣ – узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо маоши барои худ ва оилааш басанда, шароити хуби тамрин, ғизои хуб таъмин карда, бо машқҳои дастаҷамъӣ фаро гирифта, барои ширкати онҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ (дар як сол на кам аз 10-12 мусобиқа) чораҳои зарурӣ андешида шавад.

8. Барои рушди намудҳои афзалиятноки олимпӣ дар кишвар, ба мисли бокс, ҷудо, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ), таэквондо WTF мутахассисони варзидаи сатҳашон ҷаҳонӣ даъват карда шаванд ва онҳо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон таъйин карда шаванд.

9. Ба Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон чун солҳои пеш сарвазири кишвар раҳбарӣ намояд, на муовинаш. Зимнан, дар кишварҳои Шӯравии собиқ ба чунин ташкилот президентҳо сарварӣ менамоянд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Дар муддати 25 сол мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал ба даст овардааст: 1 медали тиллои гурзандоз Дилшод Назаров дар Рио-де-Жанейро-2016, 1 медали нуқраи Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар Пекин-2008 ва 2 медали биринҷии Расул Боқиев оид ба ҷудо дар Пекин-2008 ва Мавзуна Чориева оид ба бокси занона дар Лондон-2012.

Олимпиадаи ноком. Роҳҳои ислоҳи вазъ кадоманд? Мизи гирди Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:33 0:00

XS
SM
MD
LG