Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори беморхонаи Руминия 9 бемори COVID-19 ҷон доданд


Акс аз як сӯхтор дар беморхонаи кӯдакони Руминия дар соли 2001
Акс аз як сӯхтор дар беморхонаи кӯдакони Руминия дар соли 2001

Сохторҳои масъули ҳолатҳои изтирорӣ дар Руминия гуфтанд, сӯхтори рӯзи 1-уми октябр дар беморхонаи олудашудаҳо ба COVID-19 ҷони нӯҳ нафарро гирифт. Сӯхтор дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Константа сар зад ва то ҳол хомӯш нашудааст. Талошҳо барои берун бурдани беморону ходимони бемористон роҳандозӣ шудааст. Вазорати беҳдошт гуфт, ки дар дохили беморхона 113 нафар нигаҳдорӣ мешуд ва 10 нафари онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доштанд.

Ин бори аввал нест, ки дар як беморхонаи олудашудаҳо ба COVID-19-и Руминия сӯхтор сар мезанад. Моҳи ноябри порсол дар як беморхонаи дигари воқеъ дар шимолушарқи Руминия сӯхтор сар зад ва дар натиҷа 10 нафар куштаву чанд нафар маҷрӯҳ шуданд. Онҳое, ки ҷон доданд, зери дастгоҳҳои нафаскашӣ қарор доштанд.

Бо ин вуҷуд, ки дар Руминия мавҷи нави олудашавиҳо ба COVID-19 мушоҳида мешавад, дар ин кишвар дар муқоиса бо дигар нуқоти Аврупо камтарин шумори мардум зидди коронавирус эм карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG