Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистониҳои паноҳҷӯ баъди эмшавӣ аз сурхакон вориди ИМА мешаванд


Афғонистониҳое, ки тарки Кобул кардаанд, дар фурудгоҳи Қатар аз ҳавопаймо берун шуданд
Афғонистониҳое, ки тарки Кобул кардаанд, дар фурудгоҳи Қатар аз ҳавопаймо берун шуданд

Низомиёни ИМА пешбинӣ мекунанд, ки бо гузаштани муҳлати моякӯбии зидди сурхакон вуруди муҳоҷирон аз Афғонистон ба ИМА оғоз меёбад. Онҳо баъди тарки Афғонистон муддатеро дар Аврупо ва кишварҳои Ховари Миёна сипарӣ карданд. Ба қавли фармондеҳони амрикоӣ шумораи муҳоҷирони афғон тахминан 14 ҳазор нафар буда, вурудашон ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад. Моҳи август ҳамроҳ бо низомиёни амрикоӣ ҳазорҳо нафар Афғонистонро тарк карда буданд. Дар байни онҳо гирифторони бемории сурхакон кашф шуд ва аз ин рӯ, хадамоти марзбонӣ ва гумруки ИМА вуруди паноҳандагони афғонро мутаваққиф карда буд. Онҳо ваксинаи зидди сурхакон гирифтанд ва бо гузашти 21 рӯз ҳаққи вуруд ба Амрикоро пайдо карданд. Сарвазири Покистон Имрон Хон дастур додааст, ки дар гузаргоҳи марзии Турхам тақозои гирифтани иҷозатномаи вазорати умури дохилии Покистон барои афғонистониҳои воридшаванда лағв гардад. 30-уми сентябр ёвари сарвазири Покистон Шерзод Арбоб дар шабакаи Твиттер навишт, ки баъди шикояти пулситонӣ аз афғонҳо сарвазир Имрон Хон дастур дод, талаби иҷозатномаи вазорати умури дохилии Покистон қатъ гардад ва ҳар афғоне, ки виза дорад, бидуни монеа ба Покистон роҳ дода шавад. Талаби иҷозатнома баъди ишғоли Кобул аз тарафи Толибон дар моҳи август ва танҳо дар гузаргоҳи Турхам ҷорӣ шуд. Мансабдорони покистонӣ мегуфтанд, ки ба ин васила аз вуруди ҷангҷӯён ҷилавгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG