Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Боку ва Теҳрон дар остонаи баргузории размоиши низомӣ дар ғарби Эрон


Марзи Эрон ва Озарбойҷон.
Марзи Эрон ва Озарбойҷон.

Танишҳо миёни Теҳрон ва Боку дар остонаи баргузории размоиши низомӣ дар шимол-ғарби Эрон боло гирифтааст. Мақомоти Эрон изҳороти ахири раиси ҷумҳури Озарбойҷонро "ғайривоқеӣ" ва "таҳрикомез" хонданд ва ӯро муттаҳам карданд, ки "таҳти таъсири Исроил" қарор гирифтааст.

Изҳороти фармондеҳи нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони Эрон як руз пеш аз он нашр шуд, ки қарор аст имруз размоише бо номи "Фотеҳони Хайбар" аз сӯи артиши Эрон дар минтақаи шимол-ғарби ин кишвар дар марз бо Озарбойҷон баргузор шавад.

Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорон дар робита ба баргузории размоиш дар марзҳои минтақаҳои озодшудаи Қарабоғи Кӯҳӣ гуфтааст, "давлатҳои ҳамсоя беҳтар аз ҳар каси дигар сабабҳои баргузории размоишҳои Эронро медонанд". Ӯ дар идома аз мақомоти Озарбойҷон хост, ки "иҷоза надиҳанд Исроил аз хоки ин кишвар барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода барад".

Танишҳо байни Эрон ва Озарбойҷон дар пайи баргузории як размоиш бо мизбонии Озарбойҷон ва бо ҳузури Покистон ва Туркия дар чанд ҳафтаи пеш боло гирифтааст. Чанд руз пеш аз баргузории ин размоиш, мошинҳои борбари эронӣ, ки ба Арманистон мерафтанд, ба мушкилоти гумрукӣ рубару шуданд ва ду ронандаи эронӣ низ боздошт шуданд.

Дар вокуниш Вазорати корҳои хориҷии Эрон хостори озодии фаврии ин ронандагон шуд ва чанд руз баъд Сипоҳи посдорони Эрон бидуни ишора ба замони дақиқ, аз баргузории як размоиш дар шимол-ғарби ин кишвар хабар дод. Дар ин байн, Каюмарс Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Эрон чанд руз пеш аз баргузории як размоиш бо унвони "Фотеҳони Хайбар" дар рузи ҷумъаи 1-уми октябр хабар дод.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рузи 27-уми сентябр дар вокуниш ба ин иқдоми Эрон, баргузории размоишро "ҳақ"-и Эрон донист, аммо гуфта буд, "чаро тайи 30 соли гузашта, ки се минтақаи марзӣ таҳти ишғоли Арманистон буд, Эрон размоиши низомӣ анҷом надодааст".

Алиев дар бораи рафтуомади мошинҳои борбари эронӣ низ гуфта буд, ки Озарбойҷон чандин бор ба идомаи вуруди мошинҳои борбари эронӣ ба Қарабоғи Кӯҳӣ (минтақаи Хон Кундӣ) эътироз карда буд, аммо бо вуҷуди ин, аз 10 август то 10 сентябр 60 борбар бе иҷозаи Озарбойҷон вориди Қарабоғ шуда буданд.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон низ дар вокуниш ба изҳороти раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфта буд, ки "Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури ҳарчанд намоишии режими саҳюнистӣ дар наздикии марзҳои худро таҳаммул нахоҳад кард ва дар ин робита ҳар чораеро, ки барои амнияти миллии худ зарур бишуморад, анҷом хоҳад дод".

Пеш аз ин низ бархе мақомоти баландпояи Эрон размоиши муштараки Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Покистон ва Туркияро "шубҳабарангез" хонда, дар бораи нақши Исроил дар ин иқдомҳо ҳушдор дода буданд.

Исроил аз оғози робитаҳои сиёсӣ бо Озарбойҷон дар соли 1992 ва кушоиши сафораташ дар Боку дар соли 1993, ҳамкориҳои густурдаи низомӣ ва амниятӣ бо ин ҳамсояи шимолии Эрон дорад. Мақомоти эронӣ Исроилро муттаҳам мекунанд, ки талош дорад робитаҳо миёни Теҳрон ва Бокуро барҳам занад.

XS
SM
MD
LG