Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори низомии Амрико гуфт, "Ал-Қоида" ва ДОИШ таҳдид мемонанд


Генерал Марк Миллӣ
Генерал Марк Миллӣ

Як мансабдори баландпояи ҳарбии Амрико гуфт, шабакаи "Ал-Қоида" ва гуруҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бузургтарин таҳдид барои Иёлоти Муттаҳида ҳастанд.

Генерал Марк Миллӣ, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико, 29-уми сентябр дар Маҷлиси Намояндагони он кишвар гуфт, ҳарду гуруҳи террористӣ дар Афғонистон фаъол ҳастанд.

Миллӣ афзуд, "гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон барои худ лона пайдо кардааст. Онҳо дар ҷанг бо "Толибон" қарор доранд."

Генерал Миллӣ ҳамроҳ бо Ллойд Остин, вазири дифоъ ва Франк Маккензи, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико, барои посух додан дар бораи вазъияти Афғонистон ва берун овардани нерӯҳо аз ин кишвар дар Конгресс ҳузур ёфтанд.

Марк Миллӣ дар суханрониаш гуфт, “Толибон” то ҳанӯз робитаашонро бо шабакаи “Ал-Қоида” бас накардаанд.

"Толибон" дар гузашта гуфтаанд, ки бо “Ал-Қоида” ва ҳеч гуруҳи террористӣ иртибот надоранд ва итминон додаанд, ки аз хоки Афғонистон бар ҳеч кишвари дигаре ҳамла нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG