Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дар фикри сарфаи барқ ҳастанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Қирғизистон ба хомӯш кардани чароғҳои камаҳамияти кӯчаҳо дар шабонгоҳ шуруъ карданд.

Дар шаҳри Бишкек санҷиши қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ҳаммомҳо, боғу мағозаҳо сар шуд: барои сарфаи нерӯи барқ аз муассисаҳои тиҷорӣ талаб доранд, ки чароғҳои берун ва таблиғоташонро рӯшан накунанд.

Мақомот аз шаҳрвандон низ даъвати сарфаи барқро доранд. Низоми сарфаи нерӯи барқ тамоми тирамоҳу зимистон давом хоҳад кард. “Дар сурате, ки агар истифодаи барқ аз маҳдудият бештар шавад, Қирғизистонро суқути воқеии энержӣ таҳдид мекунад”, -- мегӯянд мақомоти он кишвар.

"Агар ҳоло дар кӯчаҳои шаҳр гардед, мебинед, ки пеш аз фарорасии торикӣ ҳамаи қаҳвахонаҳову тарабхонаҳо чароғҳои берунӣ доранд. Дар баъзе қаҳвахонаҳо то 500 чароғ рӯшан аст! чӣ даркор чароғи зиёд?", - гуфт Талайбек Бойғозиев, раиси Ҳолдинги миллии энержии Қирғизистон.

Ҳарчанд арзиши нерӯи барқ дар Қирғизистон 6 соли охир боло нарафтааст, мақомоти он кишвар тасмими боло бурдани онро ҳоло надоранд. Қирғизистон камбуди нерӯи барқашро аз ҳисоби хариди он аз Узбекистону Қазоқистон таъмин мекунад.

"Мо бояд ин зимистонро пушти сар ва сатҳи оби обанбори Токтогулро нигаҳ дорем. Дар сурати ғайр об метавонад, ба сатҳи пойинтарин расад ва дар он ҳолат моро маҳдудиятҳои амиқ, ҳатто ҷорӣ кардани ҳолати фавқулода таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, аз ҳоло ба сокинон мефаҳмонем, ки аз гармидиҳии барқ худдорӣ кунанд, ангишт бихаранд, ҳама навъи энержии алтернативиро истифода баранд", - гуфт Бойғозиев.

XS
SM
MD
LG