Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳо ва ихтилофҳо. Русияву Туркияро чӣ наздик ва чӣ дур мекунад?


Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҳбарони Русияву Туркия рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Сочӣ музокирот мекунанд. Дар баробари ихтилофҳое, ки дар сиёсати хориҷии ду кишвар аст, бахшҳои ҳамкориву мушорикаташон низ кам нест. Пас аз 18 моҳ барпо шудани гуфтугӯи рӯбарӯи ду президент, ба бовари нозирон, “муҳим ва ҳалкунанда” ба назар мерасад.

Сурияву Либия – дар меҳвари гуфтугӯҳои нав

Дар пешорӯи мулоқоти Путину Эрдуғон, мақомоти Туркия ба матбуот гуфтанд, хушунатҳои идомаёбанда дар шимолуғарби Сурия ва фурӯши системаҳои дифоии низомӣ ба Анкара аз муҳимтарин бахши гуфтугӯҳо хоҳанд буд.

Мақомоти туркӣ гуфтанд, Эрдуғон талош мекунад, Путинро водор созад, ки ба созиши оташбаси соли гузашта ва ҳамлаҳои артиши Русияву Сурия ба ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Туркия дар Идлиб пойбанд бошад. Ҷангҷӯён дар Идлиб гуфтанд, ҳафтаи гузашта Русия ҳамлаҳои ҳавоиро аз сар гирифт.

Вазири дифои Туркия ба хабарнигорон гуфт, Туркия ба шартҳои созиши оташбас пойбанд аст ва интизор дорад, Русия ҳам айни чунин корро кунад. Вазорати дифои Русия ҳам гуфтааст, дар Сурия мутобиқ бо созишҳои пешина бо Туркия амал мекунад ва яке аз онҳо патрул ё назорати муштараки полиси низомӣ мебошад.

Русия гуфтааст, ҷангҷӯёни исломӣ тирборони шадидро дар Идлиб оғоз карданд. Маскав мегӯяд, нирӯҳои Русия дар Сурия бо даъвати расмии президент Башор Асад қарор доранд ва ҳузури нирӯҳои дигар кишварҳо метавонад, талошҳои бозсохти кишвари ҷангзадаро ба ҳам занад.

Туркия дар навбати худ дар марзҳои шимолии Сурия ҳазорҳо сарбоз дорад ва аз шӯришиёне пуштибонӣ мекунад, ки ба зидди режими Асад меҷанганд. Ҷангҷӯёни шӯришии зидди Димишқро ба хати борики марзи Сурия бо Туркия тела кардаанд.

Моҳи марти соли 2020 нирӯҳои заминиву ҳавоии Туркия артиши Русияву Сурияро барои беҷо кардани 1 миллион нафар гунаҳкор карданд ва ин моҷаро Анкараву Маскавро ба як ихтилофи ҷиддӣ наздик овард. Туркия, ки мизбони 3,6 миллион паноҳҷӯ аз Сурия мебошад, аз афзоиши шумори муҳоҷирон ташвиш дорад.

Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба мақомоти туркӣ менависад, як бахши муҳими гуфтугӯҳои ду президент дар Сочи як ба як ва бе ҳузури мақомдорони дигар барпо хоҳад шуд. Дар изҳороти расмии Кремлин инчунин аз нияти баррасии вазъ дар Афғонистон ва мушкилоту ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа хабар дода шудааст.

Эътилофи ноҳамвори ду рақиб

Таҳлилгарон мегӯянд, воқеият ин аст, ки Маскаву Анкара дар низоъҳои Ховари Миёна ва Қафқоз ба ҳайси рақиб баромад мекунанд ва ин чиз ба камбуду ноҳамвории эътилофи ин ду кишвар ишора мекунад.

Хабаргузории “Рейтерс” дар як нигоҳи мухтасар бахшҳои марбут ба ҳамкорӣ ва рақобат ва ё ихтилофи Маскаву Анкараро аз ҳам ҷудо кардааст.

ИХТИЛОФҲО:

Ихтилофҳои минтақаии ду кишвар пеш аз ҳама дар Сурия дида мешавад. Ҳарду кишвар дар ин низоъ аз ҷонибҳои ба ҳам душман тарафдорӣ мекунанд – Русия аз ҳукумати Башор Асад ва Туркия аз ҷангҷӯёни шӯришии мухолифи режими Димишқ.

Дар Либия ҳолат баръакс аст. Дар ин низоъ Туркия аз ҳукумати Триполӣ ҳимоят мекунад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Коршиносони Созмони Милал гуфтаанд, Гурӯҳи “Вагнер”-и Русия ҷангиёнашро барои кумак ба нирӯҳои Халифа Ҳафтар сафарбар кардааст, ки алайҳи ҳукумати Либия меҷангад. Моҳи октябри порсол созиши оташбас ҳосил шуд ва бар асоси он мебоист, ҷангиёни хориҷӣ то моҳи январ Либияро тарк мекарданд, аммо ба назар мерасад, ҳамаи ҷонибҳо ин талаботро сарфи назар кардаанд.

Дар низои охири Қафқоз, Туркия – шарики суннатии Озарбойҷон – аз Боку ҳимоят кард ва артишаш дар берун кардани нирӯҳои арманӣ аз минтақаи ҷудоиталаб ба Озарбойҷон дасти ёрӣ дароз намуд. Моҳи ноябри порсол, баъд аз ҷанги шашҳафтаинаву имзои созиши оташбас, арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ ва ноҳияҳои атрофи он маконҳои зисти 30 соли охири худро тарк карданд.

Маскав бо Арманистон дар чаҳорчӯби СПАД (ОДКБ) шарикии дифоӣ дорад ва Қафқозро аз ҳошияҳои ҷанубии худ арзёбӣ мекунад. Созиши оташбаси зери назари Путин миёни Озарбойҷон ва Арманистон имзошуда аз мағлубияти куллии нирӯҳои Арманистон пешгирӣ кард.

Мавзӯи дигар – Украина ва Қрим аст, ки мавзеъҳои Маскаву Анкара аз ҳам фарқ мекунанд. Туркия ҳеч гоҳ ишғоли нимҷазираи украинии Қримро аз ҷониби Маскав эътироф накард ва ҳамеша таъкид кардааст, ки ҷонибдори тамомияти арзии Украина мебошад. Такрори ин мавқеи Эрдуғон аз минбари СММ Маскавро асабонӣ кард. Моҳи апрели имсол, вақте Эрдуғон дар пасманзари истиқрори нирӯҳои Русия дар хати марз бо Украина гуфт, ки ба Киев ёрӣ пешниҳод мекунад, Русия Туркияро аз эҷоди фазову “афкори ҷангҷӯёна” ҳушдор дод.

ҲАМКОРИҲО:

Туркия ду сол пеш аз Русия батареяҳои системаи мушакии навъи S-400-ро харид ва билофосила бо таҳримҳои Амрико рӯбарӯ шуд. Бо вуҷуди ҳушдорҳои Вашингтон аз воридоти бештари силоҳҳои русӣ дар оянда, Эрдуғон гуфт, бастаи нави S-400-ро мехарад ва, ба гуфтааш, “ҳеч кас ҳақ надорад ба Анкара бигӯяд, ки чӣ кунад”.

Нисфи гази содиротии Русия имсол ба Туркия рафт. Анкара аз воридоти энержӣ вобастагии сахт дорад. Бо барқарор шудани иқтисод баъди пандемия эҳтиёҷ ба гази русӣ то рафт афзоиш меёбад.

Соли 2019 ҳафт миллион шаҳрванди Русия ба Туркия сафар карданд ва ин шумор бештарин омори меҳмонҳои хориҷии осоишгоҳҳои туркиро ташкил медиҳад. Соҳаи туризм манбаи муҳими воридоти асъори хориҷии иқтисоди Туркия мебошад.

Ва ниҳоят “Росатом”, корхони азими ҳастаии Русия, ҳоло дар ҷануби Туркия машғули сохтмони нирӯгоҳи ҳастаии “Аккую” аст. Путин гуфтааст, ин корхона соли 2023 ба кор шуруъ мекунад.

XS
SM
MD
LG