Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка: Беларус то феврали соли 2022 референдуми конститутсионӣ барпо мекунад


Александр Лукашенка, раҳбари худкомаи Беларус дар ҷаласаи Комиссиюни конститутсионӣ. Минск, 28-уми сентябри соли 2021
Александр Лукашенка, раҳбари худкомаи Беларус дар ҷаласаи Комиссиюни конститутсионӣ. Минск, 28-уми сентябри соли 2021

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка гуфт, ки Беларус референдуми қабули конститутсияи баҳсбарангези ин кишварро то феврали соли 2022 барпо мекунад. Изҳороти Лукашенка рӯзи 28-уми сентябр дар ҷараёни кори комиссиюни конститутсионӣ садо дод ва ӯ бори дигар такрор кард, ки иҷоза намедиҳад мухолифон сари қудрат биёянд, чун, ба гуфтааш, “онҳо кишварро хароб мекунанд”. Лукашенка гуфт, ҳадафи тағйироти конститутсионӣ ин аст, ки “сарқонун дар тақсими қудрати миёни президент, парлумон ва ҳукумат як тавозуне эҷод карда, барои Анҷумани ҳамагонии мардуми Беларус як мақоми конститутсонӣ эҷод кунад”. Ӯ ҷузъиёт надод ва маълум нест, ки оё нақши анҷуман аз чӣ иборат мешавад. Ҳоло анҷумани мазкур як клуби тарафдорони ҳукумат буда, бар асоси қонунҳои Беларус ҳеҷ мақоме надорад.

Нақши парлумон дар Беларус рамзӣ аст. Мухолифони Лукашенка талошҳои ӯ барои тағйир додани конститутсияи кишварро як шармандагӣ номиданд, ки ба бовари онҳо, ҳадафаш тақвияти қудрати худи Лукашенка мебошад. Мухолифон натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020-ро, ки бо пирӯзии Лукашенка анҷомид, ба чолиш кашиданд, вале ҳукумат ва сохторҳои ҳифзи қонун бо шеваи сахту бераҳмонае эътирозу норизоиятҳоро саркӯб карда, ҳазорҳо нафарро ба зиндон андохтанд. Аксар раҳбарони мухолифони Беларус дар зиндон ва ё дар хориҷ аз кишвар мебошанд.

XS
SM
MD
LG