Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

YouTube ду шабакаи олмонизабони RT-ро барои дурӯғ дар бораи COVID-19 баст


23-уми маи соли 2019, Маскав. Сардабири RT ва "Россия сегодня" Маргарита Симонян аз президент Владимир Путин ордени ба номи Александр Невский мегирад
23-уми маи соли 2019, Маскав. Сардабири RT ва "Россия сегодня" Маргарита Симонян аз президент Владимир Путин ордени ба номи Александр Невский мегирад

Видеопортали YouTube ду шабакаи олмонизабони Русияро, ки аз ҷониби ширкати давлатии RT (Russia Today – “Имрӯзи Русия”) идора мешуд, пок кард ва боиси вокунишҳои Маскав гардид. Динора Токтосунова, мудири RT DE, яке аз ду шабакаи аз YouTube бардошташуда дар ин бора аввал рӯзи 28-уми сентябр тавассути Telegram хабар дод. Ширкати амрикоии Google, ки молики YouTube аст, гуфт, сафҳаҳои ду шабака - RT DE ва Der Fehlende Part (“Пораҳои нопадидшуда”)-ро ба он хотир аз ин пойгоҳ берун кард, ки дар бораи COVID-19 иттилои дурӯғин нашр карданд.

Google гуфт, RT DE-ро огоҳ карда буд, ки қоидаҳоро вайрон мекунад ва муваққатан имкони нашри матолиб дар саҳифаи ин шабакаро бозмедорад. Вақте RT талош кард, ки ин монеаро убур карда дар Der Fehlende Part як чунин маводе паҳн кунад, Google ҳарду сафҳаро пок кард. Дар ин бора сухангӯи YouTube ба шабакаи олмонии Deutsche Welle хабар дод, ки ба 30 забон барномаҳо таҳия мекунад.

YouTube ба Deutsche Welle гуфтааст, ки иҷоза намедиҳад, ки дар ин пойгоҳ маълумоти тиббиву беҳдоштие нашр шавад, ки зидди иттилои “мақомоти беҳдошти маҳаллӣ ё Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи COVID-19 бошад”.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки аз сохторҳои давлатӣ тақозо мекунад, ки нисбати YouTube ва матбуоти олмонӣ чораи ҷавобӣ бинанд.

XS
SM
MD
LG