Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати барканоршудаи Афғонистон баёноти расмӣ паҳн кард


Мухолифони "Толибон" бо парчами Афғонистон
Мухолифони "Толибон" бо парчами Афғонистон

Як гуруҳ аз намояндагони ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Афғонистон, ки якуним моҳ пеш аз Кобул фирор кард, аз идомаи кори ин давлат дар хориҷ хабар доданд. Аз нимаи моҳи август ба ин сӯ гуруҳи "Толибон" назорат бар Афғонистонро ба даст дорад.

Дар эъломияе, ки аз ҳаждаҳ банд иборат аст ва 28-уми сентябр аз тарафи намояндагии Афғонистон дар дафтари Созмони Милал дар Женева нашр шуд, "давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ягона марҷаи машрӯи низоми сиёсии Афғонистон" дониста шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони изҳорот, "ин давлат бар пояи интихобот ва орои мардум ташкил гардида, ҳеч низому ҳокимияти дигар наметавонад, бар хилофи моддаҳои Қонуни асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад."

Дар изҳорот аз ҳеч кас ном бурда нашудааст. Маълум нест, маркази фаъолияти онҳо дар куҷост ва давлатро кӣ раҳбарӣ мекунад, вале таъкид шудааст, ки "макону маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ эълон хоҳад шуд".

Пештар Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, иддао карда буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ ӯ "иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Афғонистон" аст, аммо айни замон дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани ӯ маълум нест.

Дар изҳорот ҳам гуфта шудааст, ки "муовини аввали президент ба ҳайси сарпарасти давлат ифои вазифа намуда, фаъолиятро ба пеш хоҳад бурд. Агар муовини аввал омодаи пешбурди умур набошад, муовини дувум, раиси Сенат ва вазири корҳои хориҷӣ ба ҳайси сарпараст муаррифӣ хоҳанд шуд."

"Давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон" аз кишварҳо хостааст, ки робитаи худро бо онҳо ҳифз карда, гуруҳи "Толибон"-ро ба расмият нашиносанд. Дар изҳорот, инчунин, аз Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон" пуштибонӣ шудааст. Вокуниши раҳбарони Ҷабҳа ба он дастрас нест.

"Толибон" 15-уми августи имсол вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. То ҳанӯз ҳеч кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати "Толибон"-ро, ки "аморати исломӣ" меноманд, ба расмият нашинохтааст.

Эъломияи охир дар ҳоле нашр шудааст, ки маҷаллаи амрикоии "Foreign Policy" ҳафтаи гузашта навишт, раҳбарони Ҷабҳаи мубориза ба зидди "Толибон" бо ҳадафи ташкили ҳукумат "бо мансабдорони собиқ дар хориҷа ҷамъ омадаанд".

Маҷалла аз қавли як мансабдори пешин гуфт, "сиёсатмадорон, аз ҷумла вазирон ва вакилони порлумони ҳукумати барканоршуда, инчунин, шахсиятҳои баландпояи ҳарбӣ барои тақвияти мухолифати расмӣ бо ифротгароён дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳастанд.”

"Foreign Policy" дар ин маврид аз Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон, ном бурд. Қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон будани Солеҳ ва Масъудро дар Душанбе инкор карда буд.

Як мақоми собиқи баландпояи амниятии Афғонистон бе зикри ном ба маҷаллаи "Foreign Policy" гуфтааст, муқовимати зидди “Толибон” аз се гуруҳ иборат аст ва баррасиҳо дар бораи ташкили ҳукумат дар марҳилаи аввал буда, "гурӯҳҳо ҳанӯз аз ҷиҳати идеологӣ як нашудаанд".

Аз он пеш, 24-уми сентябр, телевизиони "Афғонистон Интернешнл" аз қавли Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллии Афғонистон, навишт, ки "ба зудӣ давлати мувозӣ (баробар, параллел) ташкил хоҳад шуд". Ӯ гуфта буд, "давлат на дар хориҷ, балки дар ҷое дар дохили кишвар ташкил мешавад".

XS
SM
MD
LG