Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон беморхонаи сироятии Душанберо аз нав муҷаҳҳаз кард


27 сентябр. Сафири Ҷопон Мияшита Такаюки ва Хуршед Ҳабибзода, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе дар маросими супоридани «Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббии беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе». Акс аз сафорати Ҷопон
27 сентябр. Сафири Ҷопон Мияшита Такаюки ва Хуршед Ҳабибзода, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе дар маросими супоридани «Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббии беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе». Акс аз сафорати Ҷопон

Ҳукумати Ҷопон бо маблағи грантии тақрибан 90 ҳазор доллар таҷҳизоти беморхонаи сироятии шаҳри Душанберо навсозӣ кардааст. Рӯзи 27-уми сентябр, дар маросими гузоришдиҳӣ аз анҷоми лоиҳа сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ширкат намуд. Сафорати Ҷопон мегӯяд, дар доираи «Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббии беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе» барои муҷаҳҳаз кардани беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо дастгоҳҳои зарурии тиббӣ 90 ҳазор доллар масраф шуд. Дипломати ҷопонӣ дар ин маросим гуфт: «Ин таҷҳизоти босифат ба ташхиси дақиқи табибон ва табобати мувофиқи беморон мусоидат хоҳад кард. Дар давраи пандемияи мо фаҳмидем, ки мубориза бо бемориҳои сироятӣ то чӣ андоза душвор аст».

Анҷоми тарҳи муҷаҳҳазсозии беморхонаи амрози сироятии шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки Тоҷикистон мисли дигар нуқоти сайёра аз соли 2020 ба ин сӯ пандемияи коронавирусро пуштисар мекунад ва дар авҷи гирифториҳои мардум ба COVID-19, тамоми беморхрнаҳо, ба вижа бемористони амрози сироятии Душанбе аз беморон пур буд.

Ин кӯмак дар доираи барномаи Ҷопон оид ба рушд тақдим шудааст. Аз соли 1996 то имрӯз кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон $35,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG