Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати додситонҳои зан дар Афғонистон ва тарсашон аз "Толибон". ВИДЕО


Гуруҳи "Толибон" дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт
Гуруҳи "Толибон" дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт

Додситонҳои зан дар Афғонистон, ки дар замони ҳукумати пешин ҳам таҳти хатар буданд, ҳоло метарсанд, ки ҳадафи "Толибон" ва ҳазорон зиндонии раҳокардаи онҳо қарор мегиранд. Иддае аз ин занон, ки дар Афғонистон мондаанд, аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, онҳоро танҳо нагузоранду дасти мадад дароз кунанд.

"Ҳеч эҳсоси оромӣ надорем, на шаб, на рӯз. Дарвоза як тарақ мешавад, метарсем. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки як тасмими ҷиддӣ бигирад, ҷони ҳамаи мо дар хатар аст, ҳар рӯз ва дар соат", -- гуфт як додситони зан, ки аз бими "Толибон" намехоҳад, номашон бурда шавад.

Додситонҳои зан мегӯянд, на танҳо аз "Толибон", балки аз зиндониёне метарсанд, ки ин гуруҳи ифротӣ моҳи гузашта ҳангоми ишғоли кишвар озод кард.

Яке аз онҳо бе зикри ном гуфт: "Мо ҳам аз тарафи "Толибон" эҳсоси хатар мекунем ва ҳам видеову асноде дар даст дорем, ки "Толибон" гуфтаанд, намегузоранд мо кор кунем. Ҳамчунин аз тарафи касоне, ки дар ҳабс буданд, ба чандин ҳамкори мо паёму занг омадааст, ки "интиқоми худро аз Шумо мегирем”. Аз ин лиҳоз мо ба ҳеч ваҷҳ эҳсоси масуният намекунем."

Тарси дигари ин бонувон ҳамчунин аз он аст, ки "Толибон" занони афғонро аз дастовардҳои 20 соли гузаштаашон, аз ҷумла ҳаққи кор маҳрум мекунанд.

"Толибон" гуфтаанд, ки мухолифи таҳсилу кори занон нестанд, ваъдае, ки аксарият ба он бовар надоранд. Дар ҳукумати навашон низ ҳеч як намояндаи ин табақаи осебпазири афғон нест.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тарси додситонҳои зан дар Афғонистон аз "Толибон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00
XS
SM
MD
LG