Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ қудрати ҷаҳонӣ гуфтаанд, "Афғонистон ҳукумати фарогир дошта бошад"


Ҳукумати "Толибон"-ро дар Афғонистон барои фарогир ё ҳамашумул набудан танқид мекунанд

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, ки панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти созмон хоҳони як Афғонистони орому босубот ҳастанд.

Ӯ рӯзи 22-юми сентябр пас аз нишасти вазирони корҳои хориҷии Чину Фаронса, Русияву Амрико ва Бритониё гуфт, тамоми ин кишварҳо мехоҳанд, “Афғонистон орому босубот бошад, то дар он кумакҳои башарӣ бе ягон мушкил ва табъиз расонда шавад.”

Гутерреш дар шаҳри Ню Йорк ба хабарнигорон гуфт, панҷ қудрати ҷаҳонӣ дар пайи он ҳастанд, ки “дар Афғонистон ҳуқуқи занону духтарон риоят шавад. Афғонистон паноҳгоҳи террористон нашавад ва ҳукумате фарогире дошта бошад, ки аз тамоми аҳолии намояндагӣ кунад.”

Вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз Фаронсаву Русия ва Бритониё дар ҳошияи нишасти Маҷмааи умумии Созмони Милал гуфтугӯ дошт. Вазири Чин дар он онлайнӣ ҳузур ёфт.

«Толибон» моҳи август Афғонистонро ишғол карданд ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба як паноҳгоҳи амни гуруҳҳои террористиву тундрав табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG