Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бензин дар Қирғизистон назар ба Русия гаронтар шуд


Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Қирғизистон болоравии қимати бензин ҳамоно идома дорад. Дар рӯзҳои охири моҳи сентябр қимати бензини навъи Аи-92 ва Аи-95 дар Қирғзистон гаронтар аз қимати ҳамин навъи бинзин дар Русия шудааст.

Ба иттилои Оҷонси давлатии зиддимонополии Қирғизистон, гаронтарин бензин дар паҳнои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Арманистон ва арзонтарин бензин дар Қазоқистон будааст.

Пештар аз ин Иттиҳоди воридкунандагони нафти Қирғизистон ҳушдор дода буд, ки дар моҳи сентябр қимати бензин гаронтар хоҳад шуд. Зеро, Русия шуруъ аз моҳи сентябр маводи сӯхтро ба Қирғизистон ба иловаи боҷи содиротӣ интиқол медиҳад.

Қирғизистон ҳамасола 1,1 млн тона маводи сӯхт масраф мекунад. Дар охири соли 2016 Русия боҷи нафт ва маводи нафтиро барои Қирғизистон бекор карда буд.

XS
SM
MD
LG