Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таэквондочиёни афғон дар Австралия маскан гирифтанд


Ҳирот, соли 2019. Тими духтаронаи таэквондочӣ машқ мекунад
Ҳирот, соли 2019. Тими духтаронаи таэквондочӣ машқ мекунад

Ҳафт варзишгари таэквондочии афғон баъди фирор аз Афғонистони зери назари «Толибон» дар Австралия маскан гирифтанд. Дар як изҳороташ мақомоти таэквондои Австралия рӯзи 22-юми сентябр гуфтанд, ки ҳафт варзишкорзани таэквандочӣ роҳи пурхатари эвакуатсия аз Афғонистон тавассути Покистонро пуштисар карда дар Австралия паноҳ ёфтанд ва ҳоло марҳилаи ҳатмии карантинро ҳам гузаштанд. Гурӯҳи варзишгарон дар шаҳри Мелбурн, ки дар ҷанубушарқи Австралия аст, ҷой дода шуда ният доранд дар ҳамин ҷо таҳсилу кор ва машқи таэквондоро идома диҳанд. Ба онҳо визаҳои башарӣ дода шудааст.

Мақомоти таэквондои Австралия гуфтанд, барои берун бурдани варзишгари ҳаштум, ки ҳоло дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон аст, кор мекунанд.

Ҷудо аз таэквондочиёни афғон, Австралия ба даҳҳо варзишгари дигар, аз ҷумла даҳҳо футболбозон ҳам визаи зиндагӣ дар ин кишварро тақдим кардааст. Варзишгарон бахше аз даҳҳо ҳазор сокини дигари Афғонистонанд, ки аз тарси интиқомҷӯии Толибон бо сари қудрат омадани онҳо дар миёнаҳои моҳи август аз ин кишвар берун рафтанд. «Толибон» дар давраи аввали ҳукмрониашон дар солҳои 1996-2001 духтарону занонро аз ҳақи таҳсилу кор ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG