Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Амрико ва Бритониё дар бораи интихоботи Русия


Аъзои Кумисюни марказии интихобот баргаҳои ройро мешуморанд. Маскав, 19-уми сентябри 2021
Аъзои Кумисюни марказии интихобот баргаҳои ройро мешуморанд. Маскав, 19-уми сентябри 2021

Департаменти давлатии Амрико 20-уми сентябр дар пайванд ба натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия, ки рӯзҳои 17-19-уми сентябр баргузор шуд, изҳоротеро нашр кард.

"Интихобот дар шароите баргузор шуд, ки ба изҳори иродаи озод ва одилона мусоидат намекард. Ҳукумати Русия аз қонунҳо дар бораи "созмонҳои мамнуъ", "агентҳои хориҷӣ" ва "созмонҳои номатлуб" сӯистифода карда, гуногунандешии сиёсиро сахт маҳдуд намуд ва ба шаҳрвандон иҷозат надод, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании хешро истифода бубаранд", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатӣ, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Департаменти давлатии Амрико, Русия ба нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо иҷозат надодааст, ки интихоботро назорат кунанд ва ин чиз шаффофияти онро зери суол қарор дод.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё ҳам роҷеъ ба интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия изҳоротеро нашр кардааст.

Бритониё баргузории интихоботи мақомоти маҳаллии Русияро дар "ҳудуди соҳибихтиёри Украина" маҳкум ва бори дигар таъкид кардааст, ки "ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 ғайриқонунӣ буд ва мемонад".

Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия се рӯз идома кард. Ин интихобот ҳам баҳсҳоеро дар дар пай дошт. Шоҳидон гуфтанд, ҳолатҳои овоздиҳӣ ба ҷои дигарон ва дур кардани нозирон аз минтақаҳои раъйдиҳиро мушоҳида кардаанд.

XS
SM
MD
LG