Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-и дарозмуддат чист ва чаро инсонро азоб медиҳад? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқи тоза нишон додааст, ки ваксина ба зидди коронавирус на танҳо аз сирояти вирус ва бемории сахт пешгирӣ мекунад, балки намегузорад, инсон COVID-и дарозмуддат бигирад. Баъзе аз гирифторони ин беморӣ ҳафтаҳо ва ё моҳҳо аз аломатҳои ин беморӣ, аз ҷумла хастагии он халос намешаванд.

Бредлӣ Соломонс, як коргузор аз Африқои Ҷанубӣ, моҳи июли соли гузашта ба COVID-19 мубтало шуд ва 20 рӯз дар шифохона буд. Моҳҳо гузаштааст, вале ҳанӯз ҳам азоб мекашад.

Ӯ мегӯяд, “ҳанӯз эҳсос мекунам, ки гоҳе хотираам аз 3 то 5 дақиқа гум мешавад, чун ёдам намемонад, ки чӣ кор кардам. Ҳанӯз сурфа ва гулӯдард дорам.”

Ҳеч омори расмие дар бораи COVID-и дарозмуддат нест, вале аз миёни миллионҳо гирифтор дар ҷаҳон қисми зиёде ҳамин бемориро доштанд, ки аломатҳояш бештар аз чаҳор ҳафта идома мекунад. “Пайомадҳояш ҳам номаълум нест”, -- мегӯяд бемори собиқ Ондин Шервуд.

Ондин Шервуд, намояндаи гуруҳи “Хатари COVID-и дарозмуддат” афзуд, “табибон ин бемориро ҳар навъ шарҳ медиҳанд. Ба баъзеҳо мегӯянд, ки сабабаш изтироби худи бемор аст. Баъзе табибон онро пурра намефаҳманд.”

Таҳқиқи Коллеҷи Салтанатии Лондон нишон додааст, ки ваксина хатари COVID-и дарозмуддатро 50 дар сад кам мекунад ва эмшудагон аз ин беморӣ камтар ранҷ мекашанд. Таҳқиқ дар байни 1 милллиону 200 ҳазор нафаре сурат гирифтааст, ки ба василаи замимаи хос аз вазъи сиҳатиашон гузориш додаанд. Аз миёни онҳо, бахше аз ваксингирифтагон гуфтаанд, аз коронавирус эмин мондаанд. Панҷ дар садашон СОVID-и дарозмуддат гирифтаанд, аммо теъдоди ингуна беморон дар байни онҳое, ки ваксина нагирифтаанд, 11 дар сад будааст.

Стерхио Мочос аз Донишгоҳи Норсумбриа, гуфт, “ваксина Шуморо аз беморӣ муҳофизат мекунад. Агар бемор ҳам шудед, намегузорад, ки беморӣ дароз давом кунад.”

Таҳқиқ баҳсҳоро дар бораи ваксинзании кӯдакон доман мезанад. Як таҳқиқи дигар аз Бритониё нишон додааст, аз миёни ҳар 7 кӯдаке, ки ба COVID гирифтор шудаанд, як нафарӣ то се моҳи дигар дарди сар ва хастагӣ доштаанд, ки ду аломати асосии беморист. Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, ба ваксинзании кӯдакони болотар аз 12-сола оғоз кардаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

COVID-и дарозмуддат чист ва чаро инсонро азоб медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG