Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои пирӯзии "Русияи воҳид" дар интихобот. Гузоришҳо аз саркӯбу тақаллуб кам набуд. ВИДЕО


Бино ба гузориши нозирони бетараф, овоздиҳӣ пур аз қонуншиканиҳо гузашт. Маскав, 19-уми сентябри 2021

Мақомоти Русия натиҷаи се рӯзи овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии ин кишварро, ки ба мушоҳидаи нозирони бетараф “бо тақаллубу қонуншиканиҳо гузашт”, эълон мекунанд. Бар асоси натиҷаҳои ибтидоӣ, пирӯзии бидуни мушкили ҳизби “Русияи воҳид”, ки аз ҷониби Кремлин пуштибонӣ мешавад, ин навбат ҳам таъмин шудааст.

Интихоботи бе мухолифин

Рӯзи 20-уми сентябр мақомоти Кумисюни марказии интихоботи Русия гуфтанд, баъд аз ҳисоби 85 дарсади овозҳо маълум мешавад, ки 49,75 дарсад ба фоидаи “Русияи воҳид” дода шудааст. Ҳизби коммунисти Русия тақрибан 20 дарсад, ҳизбҳои либерал-демократ ва “Русияи одил” беш аз 7-дарсадӣ ва ҳизби “Одамони нав” 5,3 дарсад овоз гирифтаанд.

Қонунҳои Русия мегӯянд, барои роҳ ёфтан ба Думаи давлатӣ ҳизби сиёсӣ бояд беш аз 5 дарсади ройи мардумро ба даст биоварад.

Дабири кулли "Русияи воҳид" Андрей Турчак иддао кард, ки ҳизбаш дар як овоздиҳии "ҳақиқиву шаффоф" пирӯз шудааст.

Вале, дарвоқеъ, интихоботи Русия дар шароите барпо шуд, ки ҳеч ҳизби воқеан оппозитсионӣ ё мухолиф ба он роҳ наёфт. Созмонҳои таъсисдодаи сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний дар остонаи интихобот “тундгаро” эълон шуда, намояндагони ҳизбҳои дигари оппозитсионӣ аз ширкат дар интихобот бо ҳар роҳ боздошта шуданд.

Наворро инҷо бинед:

Бартарӣ ба “Русияи воҳид”, чаро?

Ҳанӯз натиҷаҳои овоздиҳӣ дар шаҳри Маскав – макони зисти 12 миллион нафар – эълон нашудааст.

Яке аз аъзои баландмақоми тими Навалний тахмин кард, ки мақомот ният доранд, натиҷаҳои овоздиҳиро, бахусус дар шаҳрҳои марказии Маскаву Санкт-Петербург ба манфиати ҳизби ҳоким сохтакорӣ кунанд. Кумисюни марказии интихобот гуфтааст, натиҷаҳои овоздиҳиро дар Маскав то шоми 20-уми сентябр нашр мекунанд.

Ин навбат мақомоти интихоботӣ овоздиҳӣ аз рӯйи феҳрасти ҳизбиву номзадҳои инфиродӣ ё якмандатиро бо ҳам омехта карданд ва маълум нест, натиҷаҳои он дар тақсими курсиҳо дар Думаи давлатӣ чӣ гуна сурат мегирад.

Аз рӯйи қонун, нисфи курсиҳои Думаи давлатӣ бояд бар асоси феҳрасти ҳизбӣ ва нисфи дигараш бар асоси натиҷаҳои рақобати инфиродии довталабон тақсим шавад. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, аз 225 ҳавза намояндагони “Русияи воҳид” дар 194-тоаш баранда шудаанд.

Шумориши баргаҳои раъй
Шумориши баргаҳои раъй

Дар маҷлиси амалкунанда “Русияи воҳид” 334 курсиро ишғол мекунад ва чунин бартарияти фавқулода ба ҳизби ҳоким имкон медиҳад, ки бе ҳеч мушкил ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид кунад. Вале пурсишҳои мустақили афкори умум баёнгари он аст, ки дар воқеъ мизони маҳбубияти ин ҳизб дар давоми 20 соли охир дар поинтарин сатҳ қарор дорад.

Натиҷаҳои расмии интихоботи пешин ба ҳизби “Русияи воҳид” 54 дарсади курсиҳоро нисбат дода буд.

Навалний: Панҷ соли дигар бо қашшоқӣ ва афсурдагӣ...

Мақомоти амалкунандаи Русия дар пешорӯйи интихобот бо як чолиши нав рӯбарӯ шуданд, ки марбут ба нобоварии мардум ба интихоботи озоду одилона мебошад. Кумисюни марказии интихобот гуфт, дар овоздиҳии се рӯзи гузашта 45 дарсади аҳолии Русия иштирок карданд.

Овоздиҳии кунунӣ на танҳо барои ҳизби ҳоким, балки барои Навалнийи зиндониву тарафдоронаш ҳам як имтиҳони дигаре шуд. Ҷонибдорони ӯ ба интихобот бар асоси стратегияи “овоздиҳии ҳушманд” ворид шуданд, ки ҳадафаш суст кардани мавқеи “Русияи воҳид” мебошад.

Аксар номзадҳое, ки аз роҳи овоздиҳии ҳушманд қабул шуданд, намояндагони Ҳизби коммунист буданд. Бо ин вуҷуд, ки ин ҳизб кам андар кам ташаббусҳои Кремлинро ба чолиш мекашад, аз дидгоҳи стратегияи тими Навалний “боз ҳам беҳтар аз он аст, ки шумори бештари аъзои “Русияи воҳид” пирӯз шаванд”.

Дар саҳифаи Навалний дар Инстаграм дар остонаи интихобот навишта шуд: “Агар ҳизби “Русияи воҳид” пирӯз шавад, кишвари мо давоми панҷ соли дигар бо қашшоқӣ ва афсурдагӣ рӯбарӯ шуда, панҷ соли дигар беҳуда мегузарад”.

Алексей Навалний дар зиндон
Алексей Навалний дар зиндон

Мақомот талош карданд, ки ба овоздиҳии ҳушманд халал расонанд, вале зоҳиран талоши онҳо натиҷаи зиёд надошт ва коммунистҳо тавонистанд, назар ба интихоботи соли 2016, ки 13,3 дарсади овозҳоро ба даст оварда буданд, ҳафт дарсад бештар рой бигиранд.

Моҳҳои охир мақомот ба таври густурда зидди созмонҳои зери назари Навалний кор карданд. Бисёре аз кормандони муҳими созмонҳои ӯ маҷбур шуданд, аз кишвар фирор кунанд, бархе боздошт ва ё ба ҳабси хонагӣ гирифта шуданд. Худи Навалний ба дуним сол ҳабс маҳкум шудааст.

Боздошту зиндонӣ шудани ӯро баъди ним соли муолиҷааш аз заҳролудшавӣ дар Олмон дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Худи ӯ Кремлинро гунаҳкор медонад.

Зюганов: Дар овоздиҳӣ қонуншикании зиёд буд

Овоздиҳӣ дар интихоботи Русия рӯзи 17-уми сентябр шуруъ шуд ва ҳамон замон замимаи “Овоздиҳии ҳушманд” аз барномаҳои Apple ва Google нопадид шуд. Паёмрасони дигаре, ки тими Навланий аз он зиёд истифода мекунад, инчунин, барномаҳои “Овоздиҳии боҳуш”-ро ғайрифаъол кард. Шабакаи YouTube, ки ба Google марбут аст, инчунин, як видеоеро, ки исми номзадҳоро дошт, дастнорас кард.

Google дастрасӣ ба барномаи Google Doc-и Навалнийро ғайримумкин кард. Дар ин санад номи ҳамаи номзадҳое ҷой дода шуд, ки барои онҳо тавассути “Овоздиҳии ҳушманд” рой додан мумкин буд. Тахминан 50 вебсайти марбут ба Навалний, аз ҷумла як вебсайти овоздиҳии ҳушманд масдуд карда шуд.

Бино ба гузориши нозирони бетараф, овоздиҳӣ пур аз қонуншиканиҳо гузашт.

Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунист, низ иддао кард, ки дар овоздиҳӣ қонуншиканиҳои зиёд роҳ ёфт ва аз мақомоти интихоботӣ тақозо намуд, ки ба ин ҳодисаҳо, аз ҷумла, ба ба сандуқ рехтани бюллетенҳо вокуниш кунанд.

Геннадий Зюганов
Геннадий Зюганов

Рӯзи аввали овоздиҳӣ дар назди нуқтаҳои раъйдиҳӣ шумори хеле зиёди мардум барои ширкат дар интихобот саф кашида буданд. “Голос”, як созмони мустақили нозири интихоботҳо гуфт, кормандони сохторҳои давлативу низомиёнро маҷбур ба ин ҷо оварда, тақозо карданд, ки барои “Русияи воҳид” овоз диҳанд.

Инчунин, гузоришҳо дар бораи ба сандуқҳо партофта шудани бастаҳои омодашудаи бюллетенҳову овоздиҳӣ аз рӯйи методи ба истилоҳ “чархофалак” (“карусел”) ҳам гузориш шуд. Ин навъи овоздиҳӣ ҳаракати гурӯҳи шахсони муайянро аз як нуқтаи овоздиҳӣ ба дигараш ва овоздиҳӣ дар ин нуқтаҳоро дар назар мегирад.

Маълум нест, ки то кадом андоза чунин навъи овоздиҳӣ фарогиру зиёд буд, дақиқ ҳисоб кардани ин ҳодисаҳо имкон надорад.

Мақомот гуфтанд, овоздиҳии интихоботиро ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба се рӯз тақсим мекунанд. Вале аз назари мунтақидон, дар асл муҳлати бештари овозиҳӣ имконият ва фурсати бештарро барои тақаллуб ва сохтакорӣ фароҳам мекунад.

Дар шаҳри Санкт-Петербург як гурӯҳи нозирони бетарафи интихоботӣ гуфт, вақте рӯзи 19-уми сентябр як номзади ҳизби “Яблоко” дар бораи ба сандуқ рехтани бастаи баргаҳо шикоят кард, мавриди латукӯби полис қарор гирифт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG