Генерали амрикоӣ иқрор шуд, ки ҳамлаи рӯзи 29-уми август дар наздикии фурудгоҳи Кобул иштибоҳ буд. Дар он ҳмла 10 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон кушта шуда буданд.
Қаблан мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки аз ҳамлаи шохаи Хуросони гуруҳи ДОИШ пешгирӣ кардаанд ва дар ин ҳамла аъзоёни ин гуруҳи тундравро куштаанд. Баъдан, расонаҳо хабар доданд, ки дар ин ҳамла 10 узви як хонавода кушта шудааст, ки ҳеҷ рабте ба ДОИШ надоштанд.
Кеннет Маккензи, фармондеҳи Ситоди фармондеҳии марказии ИМА рӯзи 17-уми сентябр дар нишасти матбуотие иқрор шуд, ки иштибоҳ кардаанд ва изҳори пушаймонӣ намуд.
ИМА ин ҳамларо пас аз он анҷом дод, ки рӯзи 26-уми август дар ҳамлаи террористие дар фурудгоҳи Кобул 13 сарбози амрикоӣ ва даҳҳо шаҳрванди Афғонистон кушта шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, хабар ёфтаанд, ки ДОИШ ҳамлаи дуввумро анҷом доданист ва аз он пешгирӣ карданд.
Ин ҳамлае, ки ҳоло иштибоҳӣ номида мешавад, охирин амалиёти низомии Амрико дар хоки Афғонистон буд. ИМА пас аз 20 соли ҳузур, пас аз оне ки Кобулро Толибон тасарруф карданд, Афғонистонро тарк кард.