Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо дар он тарафи Фархор чӣ кор мекунанд? ВИДЕО


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Фархор

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон зоҳиран ором ба назар мерасад. Тағйироти зиёде дар он сӯи марз дида намешавад.

Танҳо тағйире, ки сокинон эҳсос кардаанд, ин аст, ки дар ду моҳи ахир аз он сӯи марз садои тирпаронӣ шунида намешавад ва ҷойи парчамҳои серангаи ҳукумати пештараи Афғонистон байрақҳои сиёҳусафеди Толибон намудор аст.

Сокинон дар марз мегӯянд, ҳарчанд марз ором ба назар мерасад, вале дар пайи нашри хабарҳо аз шеваи ҳукуматдории Толибон аз ояндаи норӯшан нигаронанд.

Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд. Ҳукумате ташкил кардаанд, ки онро Тоҷикистон қабул надорад. Ҳуқуқи занонро ба кору таҳсил маҳдуд кардаанд. Хабарҳое низ нашр мешавад, ки Толибон ба гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон ҷой додааст ва эҳтимоли зиён расонидани онҳо ба кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба марзи Афғонистон сафар кард ва ин гузориши видеоиро таҳия намуд:

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG