Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олимпии Осиё: Омодагӣ ба Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ хуб ҷараён дорад


Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 10-25-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Ҳусайн Ал-Мусаллам, мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё (ОСА), дар маросиме, ки онро Кумитаи тадорукот як сол пеш аз оғози бозиҳо дар Маркази олимпии Ҳангжоу доир кард, варзишгарон ва кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёро барои иштирок дар Ҳангжоу-2022 даъват намуд.

Раҷа Рандҳир Сингҳ, раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии Шӯрои олимпии Осиё, дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони маросим гуфт, “ду соли охир бинобар пандемия барои ҷаҳон осон набуд, махсусан барои омодагӣ ба бозиҳо. Аммо ба туфайли саъю кӯшиши якҷоя омодагӣ ба Ҳангжоу-2022 хуб ҷараён дорад, ки аз ин хушҳолам. Варзиш рамзи ваҳдат, устуворӣ ва далерист. Умедворам, ки Бозиҳои Осиё мардумро рӯҳбаланд мекунад ва ба онҳо нерӯ мебахшад, то бо пандемия мубориза баранд ва ба пеш ҳаракат кунанд.”

Мавзӯи маросими яксоата "Интизорӣ" ном дошт, ки умеди мардуми Ҳангжоу, Чин ва Осиёро ба комгор шудани Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ инъикос мекард. Барнома муаррифии тарҳи машъал ва либосҳои расмиро дар бар мегирифт.

Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу, маркази музофоти Жэян ва панҷ шаҳри муштарак баргузор мешавад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо дар 55 макон аз рӯи 40 намуди варзиш, 61 равияи варзишӣ ва 482 мусобиқа ҷараён хоҳад гирифт.

Мудири кулли Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфтааст, ки Бозиҳои тобистонаи осиёӣ-2022 дар Ҳангжоуи Чин дар сатҳи баланд хоҳад гузашт. “Бисёр намудҳои варзиш аз Осиё ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид шудааст, монанди тенниси рӯи миз, ҷудо ”, - иброз дошт ӯ.

Намудҳои варзише, ки ба барномаи Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дохил шудааст:

1. Аспсаворӣ
2. Бадминтон
3. Баскетбол
4. Бейсбол/Софтбол
5. Бозиҳои рӯи миз (шоҳмоти чинӣ, шоҳмот)
6. Бокс
7. Вазнабардорӣ
8. Варзиши сабук
9. Варзиши обӣ (шино дар оби озод, ватерпол, шинои ҳамзамон, ҷаҳиш ба об, шиноварӣ)
10. Велосипедронӣ (BMX, роҳи кӯҳӣ, шоҳроҳ, тасмароҳ)
11. Волейбол
12. Гимнастика (трамплин, гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ)
13. Голф
14. Гуштӣ
15. Заврақронӣ
16. Кабодда
17. Камонварӣ
18. Каноэ
19. Каратэ
20. Крикет
21. Кураш
22. Қайиқронӣ
23. Панҷҳарбаи муосир
24. Регби-7
25. Сепактакрав
26. Шамшербозӣ
27. Сеҳарба (Triathlon)
28. Сквош
29. Скейтбозӣ (скейти чархдор, скейтборд)
30. Таэквондо
31. Теннис
32. Тенниси рӯи миз
33. Тирандозӣ
34. Ушу
35. Футбол
36. Ҳандбол
37. Чавгонбозӣ
38. Ҷиу-ҷитсу
39. Ҷудо
40. Шӯхпаймоии варзишӣ

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.

Дар ин бозиҳо мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷопон бо касби 205 медал (75-56-74) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 177 медал (49-58-70) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 81 варзишгари тоҷик дар мусобиқот оид ба 16 намуд ширкат варзида, се медали нуқра (гурзандозӣ, гуштии кураш ва қайиқронӣ дар каноэ) ва се медали биринҷӣ (ҷудо-2-то ва самбо) гирифтанд.

Ҳарчанд шумораи медалҳои ба даст овардаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои охирин нисбат ба чаҳор соли пеш як адад зиёд аст, вале ин дафъа варзишгарони тоҷик медали тилло ба даст оварда натавонистанд.

Бинобар ин, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII осиёӣ нисбат ба Бозиҳои XVII осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо ҳафт зина поён шуд ва бо шаш медал дар ҷойгоҳи 30-юм қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 то кунун ҷойи 23-юм дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG