Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон: нирӯҳои фаронсавӣ раҳбари ДОИШ дар Саҳрои Кабирро нобуд карданд


Президенти Фаронса Эммануэл Макрон
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки низомиёни кишвараш раҳбари гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Саҳрои Кабирро нобуд карданд. Макрон дар як изҳороти Твиттериаш рӯзи 16-уми сентябр навишт, Аднон Абу Валид Ас-Саҳравӣ “аз ҷониби нирӯҳои фаронсавӣ безарар карда шуд”. Ӯ гуфт, “ин як муваффақияти калони дигари мо дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар Соҳил аст”.

Ҳанӯз ҷузъиёти тарзи кушта шудани Саҳравӣ нашр намешавад. Фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Саҳрои Кабир бештар дар қаламравҳои кишварҳои мустамликаи собиқи фаронсавии Буркина Фасо, Малӣ ва Нигер мушоҳида мешавад. Ҷангиён бештар нирӯҳои амниятӣ ва афроди мулкиро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ас-Саҳравӣ иддао кардааст, ки соли 2017 чор ходими низомии амрикоӣ ва чор намояндаи артиши Нигерро куштааст. Августи соли 2020 Саҳравӣ шахсан амр дода буд, ки шаш корманди як созмони хайрияи фаронсавӣ ва ҳам ронандаи онҳо – шаҳрванди Нигер ба қатл расонида шаванд.

Фаронса дар ҷабҳаи пеши амалиёти зиддитеррористии минтақаи Соҳил қарор дошта, аз соли 2012 панҷ ҳазор низомиаш дар Малӣ барои муқобила бо ҷангиёни исломӣ кӯмак мекунанд. Каме пештар Фаронса эълон кард, ки шумори нирӯҳояшро дар солҳои наздик дар ин қаламрав 2,5 то 3 ҳазор нафар коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG