Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Тоҷикистону Покистон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард


Исломобод, 2 июни соли 2021. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии нахуствазири Покистон Имрон Хон
Исломобод, 2 июни соли 2021. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии нахуствазири Покистон Имрон Хон

Рӯзҳои 16 ва 17-уми сентябр, баробар бо ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб мавзӯи калидии гуфтугӯҳои Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон ва вазири хориҷаи ин кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ вазъи Афғонистон ва сари кор омадани гурӯҳи усулгарои исломии «Толибон» хоҳад буд. Дар ҳоле, ки Покистонро пуштибони ин гурӯҳ меноманд, Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат ҳукумати «Толибон»-ро эътироф нахоҳад кард. Мавқеи худро дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Покистон дар Душанбе 23-юми август, ҳашт рӯз баъди аз ҷониби «Толибон» ишғол шудани Кобул ва аксар қаламравҳои Афғонистон баён карда буд. Дар сафари раҳбарони Покистон ба Тоҷикистон имзои як баста санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст, инчунин бояд ҷаласаи чоруми Шӯрои кории Тоҷикистону Покистон барпо шавад.

XS
SM
MD
LG