Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 29 зан дар Узбекистон бо гумони тарғиби тундгароӣ


Аз бойгонӣ
Аз бойгонӣ

Дар шаҳр ва вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 10-уми сентябр 29 занро бо гумони тарғиби идеяҳои тундгароёнаи созмони "Ҳизб-ут-таҳрир" дастгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод. Ба иттилои вазорат, занҳои боздоштшуда тавассути Интернет ва паёмрасонҳои гуногун бо аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" гуфтугӯ мекардаанд. “Занҳои боздоштшуда аз аъзои "Ҳизб-ут-таҳрир" паём гирифта, миёни сокинон ақидаҳои созмони мазкурро тарғиб мекардаанд”, -- хабар медиҳад вазорати корҳои дохилии Узбекистон. Назари ҷониби дигар ва вакилони мудофеъву наздиконашон дастрас нест.

XS
SM
MD
LG