Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сӯҳбати Байден  ва Ҷинпин баъди 7 моҳи таъхир


Декабри соли 2013. Ҷо Байден, муовини президенти ИМА бо раҳбари Чин Си Ҷинпин дар Пекин мулоқот мекунад
Декабри соли 2013. Ҷо Байден, муовини президенти ИМА бо раҳбари Чин Си Ҷинпин дар Пекин мулоқот мекунад

Президент Ҷо Байден бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин баъди ҳафт моҳи танаффус телефонӣ сӯҳбат кард ва дар ин гуфтугӯ, ба қавли Кохи Сафед, “масоили васеи стратегӣ” ва “ҷавобгӯи манфиатҳо”-ро баррасӣ гардид. Аз моҳи январи имсол ин танҳо бори дуюм аст, ки ду раҳбар бо ҳам телефонӣ сӯҳбат мекунанд.

Робитаҳои байни ду кишвар бо сабаби масоил дар бахши тиҷорат, амнияти интернетӣ ва ҳуқуқи башар давоми солҳои зиёд пуртаниш боқӣ мемонад. ИМА Чинро барои поймолкунии ҳуқуқи мусалмонони Шинҷон, пинҳон кардани табиати пайдоиши коронавирус, маҳдуд кардани озодиҳо дар Тайван ва баҳси қаламравҳо дар баҳри Чини ҷанубӣ интиқод мекунад. Вале масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб мебошанд, ҳамчунин зиёд аст, масалан, дар бахши тағйироти иқлим, пешгирӣ аз бӯҳрони ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея ва замонати рушди иқтисодии ҳарду кишвар.

Байден дар сӯҳбати телефонӣ ба Си Ҷинпин гуфтааст, ки ИМА мехоҳад, рақобати байни ду кишвар “ба низоъ мубаддал нашавад”. CCTV-и Чин рӯзи 10-уми сентябр гузориш дод, ки Си Ҷинпин дар сӯҳбат бо Байден ба ӯ гуфтааст, ки сиёсати ИМА “мушкилоти зиёд” эҷод мекунад ва равобити дуруст барпошудаи байни ду кишвар “барои оянда ва ҳам сарнавишти ҷаҳон хеле мҳуим аст”. Раҳбари Чин гуфтааст, ки ҳама гуна ихтилофи миёни Чин ва ИМА ба ҳарду кишвар ва ҳам ҷаҳон фоҷеабор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG