Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтиёт, истиқбол ва "не"-и кишварҳо ба ҳукумати "Толибон"


Гуруҳи "Толибон" мегӯяд, ҳукуматаш ҳамашумул аст, вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ғайриқонунӣ номид
Гуруҳи "Толибон" мегӯяд, ҳукуматаш ҳамашумул аст, вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ғайриқонунӣ номид

Бо гузашти ду рӯз аз эълони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон то кунун ҳеч кишвар онро ба расмият нашинохтааст. Бархӯрд ва вокунишҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳониву минтақаӣ ба ин масъала дар умум эҳтиёткорона аст. Баъзе аз кишварҳо истиқбол карда, бархе ошкоро гуфтанд, ки ҳукумати "Толибон"-ро бо ин шакл ба расмият намешиносанд. "Толибон" 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати худро эълон кард ва онро ҳамашумул, аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ғайриқонунӣ номид.

Иттиҳоди Аврупо чӣ гуфт?

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми сентябр ҳушдор дод, ки ҳукумати «Толибон» фарогир нест ва аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа намояндагӣ намекунад. 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо барои барқарории робита бо «Толибон» ба камияш панҷ шарт гузоштанд, ки яке аз онҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул мебошад.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, эълони ҳукумати сарпараст аз сӯйи «Толибон» нишондиҳандаи ноком шудани гуруҳ аст. Ба бовари Иттиҳоди Аврупо, ин хилофи ваъдаи «Толибон» аст, ки гуфта буданд, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба гурӯҳҳои гуногун нақш медиҳанд.

Ҳайко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон, рӯзи 8-уми сентябр гуфт, эълони ҳукумати сарпараст аз сӯи «Толибон» бе иштироки гурӯҳҳои дигар ва ҳамчунин хушунат дар баробари эътирозгарон ва рӯзноманигорон нишонаҳое аст, ки мояи нигаронӣ мебошад.

Мавқеи Амрико, Қатар...

Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз собиқаи шуморе аз афроде нигарон аст, ки дар ҳукумати «Толибон» вазифаҳои калидиро ишғол кардаанд. Департаменти давлатӣ 7-уми сентябр дар эъломияе гуфт, аз гурӯҳ интизор дорад, то итминон диҳад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишвар таҳдид сурат нагирад. Дар кобинаи нави «Толибон» 4 нафар мақоми баланд гирифтаанд, ки чанд солро дар зиндони Гуантанамо сипарӣ кардаанд.

Қатар гуфтааст, «Толибон» "маслиҳатгароӣ" нишон додаанд ва бар асоси амалкардҳояшон мавриди қазоват қарор мегиранд. Аммо Қатар ба таври расмӣ эълон накардааст, ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият мешиносад. Луълуъ Ал-Хотир, муовини вазири корҳои хориҷии Қатар, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, мардуми Афғонистон дар бораи ояндаашон тасмим бигиранд, на ҷомеаи ҷаҳонӣ. Қатар аз пуштибонҳои «Толибон» ба шумор меравад ва чанд сол боз дафтари ин гурӯҳ дар Давҳа фаъол аст.

Исломободу Теҳрон дар чӣ фикранд?

Покистон, ки ҳамеша ба ҳимоят аз «Толибон» муттаҳам шудааст, ҳанӯз ба таври расмӣ дар мавриди ташкили ҳукумат аз сӯйи «Толибон» дар Афғонистон вокуниш нишон надодааст. Аммо раҳбари Созмони истихбороти аскарии Покистон Файз Ҳамид чанд рӯзи охир дар Кобул буд ва коршиносон ҳадс мезаданд, ки барои ёрии «Толибон» дар ташкили ҳукумат ба Афғонистон сафар кардааст.

Аммо дар Эрон, Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии он кишвар мегӯяд, Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯ барои ташкили ҳукумати фарогир, ба сулҳи пойдор мерасад.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо нашри як хабар гуфтааст, ки Абдуллоҳиён рӯзи 8-уми сентябр дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон, ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул таъкид кардааст, ки фарогирандаи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ бошад.

Алӣ Шамхонӣ, раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳам аз "бетаваҷҷуҳии Толибон ба зарурати эҷоди як ҳукумати фарогир" ибрози нигаронӣ кардааст.

Чин, Русия ва Тоҷикистону Узбекистон

Чин, ки қаблан хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон шуда буд, 8-уми август эҷоди ҳукумати нави «Толибон»-ро қадами зарурӣ ба сӯи бозсозии Афғонистон хонд. Суханӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳангоми нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, умедвор ҳастанд то мақомҳои ҳукумати «Толибон» ба ҳамаи мардуми Афғонистон гӯш диҳанд.

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият мешиносанд, гуфт, Чин ба ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистон арҷ мегузорад ва афзуд, Пекин омодаи ҳифзи робитаҳо бо ҳукумат ва раҳбари нав дар Афғонистон аст.

То кунун маълум нест, ки Русия ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият мешиносад ё не. Аммо дар гузашта Русия муттаҳам шуда буд, ки «Толибон»-ро дар ҷанг алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО кумак кардааст. Мақомоти рус борҳо эълон кардаанд, ки ба хотири мубориза бо ДОИШ, бо «Толибон» ҳамкорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон қаблан хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар Афғонистон шуда буд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми сентябр аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба "Толибон" таъсир расонанд ва "дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷории Афғонистон мусоидат кунанд".

Узбекистон -- дигар ҳамсояи Афғонистон аз ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон истиқбол кардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Тошканд ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият мешиносад ё не.

XS
SM
MD
LG