Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон додани визаҳои электрониро муваққатан қатъ кард


Визаи Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Визаи Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Шуруъ аз 6-уми сентябр дар Узбекистон додани визаҳои электронӣ ба хориҷиҳо қатъ шудааст. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон иттилоъ доданд.

Вазорат гуфт, қатъи визаҳои электронӣ ба "корҳои ислоҳӣ дар низоми e-visa.gov.uz марбут аст".

Визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷие дода мешуд, ки Узбекистон бо онҳо тартиби содаи равуоро барқарор кардааст.

Ин гуна визаро шаҳрвандони хориҷие дастрас мекарданд, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ба муҳлати то 30 рӯз вориди Узбекистон мешуданд.

XS
SM
MD
LG