Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Журналистҳо агенти хориҷӣ нестанд.” Иқдоми беш аз 40 расона дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

8-уми сентябр, дар рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон, зиёда аз 40 расонаи Русия иқдоми ҳимоят аз расонаҳо ва рӯзноманигоронеро роҳандозӣ карданд, ки шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ” шудаанд.

Дар иқдом расонаҳое амсоли "Дожд", The Bell, "Медиазона", Republic, "Новая газета", "Бумага", "Тайга.инфо", "Важние истории", Doxa, "7×7", "ОВД-Инфо", The Village, "Медуза", "Псковская губерния", "Черновик", OCCRP ва ғайра ширкат карданд.

Ширкатдорон дар саҳифаҳои асосии худ шиори "Журналистон агенти хориҷӣ нестанд" ва инчунин ҷумлаи "Маводи мазкур тавассути расонае таҳия ва паҳн шудааст, ки кори расонаро иҷро мекунад"-ро нашр карданд.

Расонаҳо аз корбарон даъват карданд, ки дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҷумларо нашр кунанд.

Дар рӯйхати расонаҳои "агентҳои хориҷӣ" 18 расона, 25 рӯзноманигор ва чаҳор шахси ҳуқуқӣ шомил шудаанд. Танҳо аз моҳи апрел то ин замон 30 номгӯ дар рӯйхат афзудааст.

Пештар аз ин расонаҳои Русия, амсоли "Дожд", "Новая газета", "Эхо Москва", Znak.com ва ТВ2 бо номаи бозе ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат карда, хостори бекор кардани рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" ва тағйири қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" шуданд.

XS
SM
MD
LG