Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъуд гуфт, "вилояти Панҷшер суқут накардааст"


Аҳмад Валӣ Масъуд
Аҳмад Валӣ Масъуд

Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, гуфт, ки "вилояти Панҷшер пурра суқут накардааст".

Вай рӯзи 7-уми сентябр ҳангоми суҳбат дар ҷаласае дар Женева гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои ҳар гуна ҷанг омодагӣ дорад.

"Фикр накунед, ки агар Толибон роҳҳоро гирифтанд, Панҷшерро ҳам тасарруф кардаанд. На, Панҷшерро нагирифтаанд. Ҳазорон нафар дар дара ҳузур доранд. Ҳар лаҳза мумкин аст, биёянд ва шоҳиди он хоҳед буд", --афзудааст ӯ.

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 6-уми сентябр эълон кард, ки вилояти Панҷшерро пурра тасарруф намуд.

Ҷанг дар ин вилоят таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, барои ҳафт шабонарӯз идома ёфт.

Дар ҳоли ҳозир аз сарнавишти Масъуд ва аъзои Ҷабҳа гузорише дар даст нест, аммо ӯ 6-уми сентябр дар Твиттер навишт, ки "дар ҷойи амн аст" ва сипас дар паёме садоӣ мардумро ба қиёми умумӣ ба зидди "Толибон" даъват кард.

XS
SM
MD
LG