Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аэрофлот" халабонҳоеро, ки нахостанд ваксина гиранд, аз кор маҳрум кард


Kyrgyzstan, Manas international airport, plane - Aeroflot
Kyrgyzstan, Manas international airport, plane - Aeroflot

Ширкати ҳавопаймонии Русия "Аэрофлот" шаш халабонеро аз парвозҳо маҳрум ва ба рухсатии бемузд фиристод, ки нахостанд, зидди коронавирус ваксина гиранд.

Дар ин бора Михаил Демин, намояндаи ширкати "Аэрофлот" хабар дод. Вай гуфт, дар ширкат бештар аз ду ҳазор халабон кор мекунад.

Рӯзи 6-уми сентябр Иттиҳоди коргарони Шереметево хабар дод, ки "Аэрофлот" ба барканории халабонҳое, ки ваксина нагирифтаанд, шуруъ кардааст.

Ба иттилои Иттиҳоди коргарӣ, "касе корфарморо вазифадор накардааст, ки чунин тасмим бигирад". Халабонҳо 16 август аз кор барканор шуда, аммо фармони онҳо танҳо 30 август содир гардидааст.

XS
SM
MD
LG