Пайвандҳои дастрасӣ

Мардеҳай Кимёгаров: "Мо хубиҳои зиёде аз Тоҷикистон дидаем". ВИДЕО


Мардеҳай Кимёгаров (аз рост) бо Хиромон Бақозода.

Мардеҳай Кимёгаров, фаъоли ҷомеаи яҳудиёни бухороӣ, се даҳсола боз Исроилро макони зиндагии худ интихоб кардааст. Ӯ дар охири солҳои 80-ум сокини шаҳри Душанбе буд. Замоне ки, ба гуфтааш, дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор яҳудӣ буданд.

"Тоҷикистон ба мо касб дод. Мо ҳоло ҳам аз ҳисоби ҳамон донишҳоямон корро пеш мебарем", -- нақл кард раиси Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ дар Исроил.

Ӯро дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо мешиносанд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар Исроил сафорат надорад, Мардеҳай Кимёгаровро сафири фарҳангии Тоҷикистон дар Исроил меноманд.

Бо талошҳои ӯ ва аъзои дигари ҷомеаи яҳудиҳои бухороӣ дар Телавив нонвойхонаву тарабхонаи "Бухорои нав", осорхонаи ашёи қадимии мардуми Осиёи Марказӣ таъсис ёфтааст. Театр бо лаҳҷаи яҳудиҳои бухороӣ амал мекунад ва нашрияи вижае аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ин мардум хабар медиҳад.

Мардеҳай Кимёгаров тавассути "Скайп" ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух дод. Наворро дар инҷо бинед:

Мардеҳай Кимёгаров: "Мо хубиҳои зиёде аз Тоҷикистон дидаем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:20 0:00

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG