Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Панҷшер чӣ мегузарад? Ду тараф аз "пирӯзӣ" ва "идомаи ҷанг" мегӯянд


Аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ. Панҷшер, 4-уми сентябрb 2021
Аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ. Панҷшер, 4-уми сентябрb 2021

Пас аз чанд соати он ки гуруҳи тундрави "Толибон" иддаои ишғоли Панҷшерро кард ва аз поёни ҷанг хабар дод, дар бораи идомаи даргирӣ дар ин вилояти Афғонистон гузоришҳо мерасанд.

Рӯзи душанбе "Толибон" бо пахши навори парчамбардорӣ дар канори қароргоҳи ҳукумати Панҷшер иддао карданд, ки пирӯз шудаанд. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мардумро ба қиёми умумӣ ба муқобили ҷунбиши тундгарои исломӣ даъват кард.

Сухангӯйи "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 6-уми сентябр иддао кард, ки Панҷшер ва тамоми қаламрави Афғонистон зери назари Толибон аст ва ба зудӣ ҳайати ҳукумати нав эълон мешавад. Ӯ ба мардуми дараи Панҷшер кафолат дод, ки касе онҳоро таъқиб нахоҳад кард.

Вале раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Аҳмад Масъуд, дар шабакаи Твиттер гуфт, онҳо дар Панҷшер ҳастанд ва муқовимат давом хоҳад кард. Ӯ гуфт, 70 дар сад аз минтақаҳои ишғолшудаи "Толибон" дар ҷангҳои Панҷшер баъди як соат аз тарафи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бозпас гирифта шуданд.

Дараи Панҷшер дар тахминан садкилометрии шимолу шарқи Кобул қарор дорад.

Манбаъҳои мустақил дар бораи ҳаводиси ахири Панҷшер гузорише пахш накардаанд ва изҳороти ду ҷонибро тасдиқ ва ё рад намекунанд.

Дараи Панҷшер на дар замони ҳамлаи Шӯравӣ ва на дар давраи ҳукумати "Толибон" дар солҳои 1996 - 2001 аз тарафи касе ишғол нашуда буд.

XS
SM
MD
LG