Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷа барномаи корашро эълон кард


Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава, 5-уми сентябри 2021
Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава, 5-уми сентябри 2021

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷа, ки фаъолияташ дар кишвар мамнуъст, барномаи корашро барои оянда эълон кард.

Масъулони эътилоф 5-уми сентябр дар Варшава, маркази Лаҳистон, гуфтанд, "низоми имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои як ҷомеаи муосир нест."

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, дар се даҳаи охир кишвар дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла иқтисоду сиёсат ва энерживу роҳ истиқлол ба даст оварда, зиндагии мардум беҳтар ва мизони фақр камтар шудааст.

Масъулони Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфтанд, бояд доираи ваколатҳои президент маҳдуд шуда, ваколатҳои ҳокимияти қонунгузор ва сарвазир васеъ карда шаванд.

"Муҳлати ваколатҳои президент мушаххас гардида, ҳамагуна талоши тағйир додани ин усули бунёдии Конститутсия ҳамчун кӯшиши ғасби ҳокимият шинохта шавад", -- таъкид шудааст дар маромномаи онҳо.

Бино ба қонунҳои Тоҷикистон як нафар ҳақ дорад, ду навбат ҳафтсолӣ раиси ҷумҳурӣ интихоб шавад, аммо президенти ҳозира ҳақ дорад, бемаҳдуд дар интихоботҳо ширкат кунад.

Созмони мухолифон ҳамчунин ба интихобӣ шудани раисони шаҳру ноҳияҳо таъкид карда, хоҳони аз байн бурдани палатаи болоии порлумон, додгоҳи ҳарбӣ, БДА ва Оҷонси мубориза бо фасод шудааст.

Дар ҳоле ки созмон ин ниҳодҳоро зиёдатӣ ва нозарур мешуморад, мақомот саҳми онҳоро барои ҳифзи тартиботу риояи қонунҳо ва мубориза бо коррупсия муҳим шумурдаанд.

  • "Аз байн бурдани монополия дар соҳаи мухобирот;
  • Содда кардани раванди таъсис ва сабти расонаҳо;
  • Қатъи пулситонӣ дар бемористонҳои давлатӣ;
  • Омӯзиши алифбои ниёгон аз боғчаи кӯдакон то донишгоҳҳо;
  • Гузаштан ба артиши касбӣ", -- аз бахшҳои дигари барномаи эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷа будааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба барномаи ислоҳоти Паймони миллӣ вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта танқидҳои онро дар бораи вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар беасос номидаанд.

Паймони миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иборат аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 Паймони миллиро созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кард, аммо аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

XS
SM
MD
LG